Таслияти КШНГЗС ба хотири даргузашти Раҳматулло Зоиров

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти сиёсатмадори маъруфи тоҷик ва собиқ раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), Раҳматулло Зоировро барои бастагон, ҳамҳизбиён ва тамоми мардуми Тоҷикистон таслият арз мекунад.

Бар асоси хабари Радиои Озодӣ, ҳамсари Зоиров, Мавзуна Каримова, хабар дод, ки дили ӯ субҳи 18-уми май аз тапидан монд. Бар асоси ин хабар, баъзе аз ҳамсафони собиқи Зоиров гуфтанд, ки “ӯ моҳҳои охир бемор буд”.

Тибқи ин гузориш, вазъи саломати ин сиёсатмадори мухолиф дар пайи як ҳамла бар ӯ дар моҳи сентябри соли 2020 бад шуд. Пас аз он дар соли 2021 ба таври ногаҳонӣ аз раёсати Ҳизби сотсиал-демократ истеъфо дод ва дигар дар матбуот пайдо нашуд.

Зиндагиномаи Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров 16-уми марти соли 1957 дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бостандири Ҷумҳурии Қазоқистон дар хонаводаи устои мардумӣ Абдуҳамид Зоиров дида ба олам кушодааст. 

Мактаби миёнаро соли 1975 хатм кардааст. Ҳатто дар замони таҳсил дар мактаби миёна ба корҳои сиёсӣ ҷалб шудааст: солҳои 1972-1975 котиби ташкилоти комсомол ва узви бюрои ноҳиявии комсомол будааст.

Фаъолияти кориашро аз борбардорӣ дар як корхонаи ноҳияи Кибрай оғоз карда, солҳои 1977-1979 дар Олмон хидмати ҳарбӣ кардааст. Замони аскарӣ котиби кумитаи комсомол, номзад ба узвият дар ҳизби коммунист будааст. Аввалин мукофотро ҳамон солҳо гирифтааст. Соҳиби нишони Гвардия ва Аълочии милитсияи советӣ шудааст.

Солҳои 1979-1983 дар Академияи ҳуқуқшиносии Украина таҳсил кардаву онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Ҳамзамон хатмкардаи ду мактаби ҳуқуқии донишгоҳҳои Амрикост.

Соли 1980 ба сафи КПСС қабул шуда, соли 1982 аввалин кории илмии ӯ дар шакли китоб нашр мешавад.

Аз замони донишҷӯии вай хеле нуктаҳоро метавон гуфт, аммо муҳимтарини он ҷалби Зоиров ба корҳои комсомол ва ҳизбӣ, муҳаррир таъйин шуданаш ба нашрияи институти ҳуқуқии ба номи Ф.Дзержинский  ва  хатми бомуваффақияти Академияи ҳуқуқии Украина мебошад. Аспирантураро ҳам дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Украина хондааст. Солҳои 1986-1988 дар Донишгоҳи Марксизм-ленинизми назди Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст.

Оиладор ва падари ду фарзанд аст. Раҳматулло Зоиров ба даҳ забон гап мезад.

Зоиров дар солҳои 2001- 2003 Мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ буд ва соли 2002 бо Фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи Мушовири давлатии адлия, дараҷаи 2 (генерал-лейтенант) гирифт. Аммо моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард  ва моҳи июн чун садояш шунида нашуд ва он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, аз мақомаш истеъфо дод. 

Олим, номзади илми ҳуқуқ, муаллифи бештар аз 270 кори илмӣ, аз ҷумла 30 китоб ва дастурамал дар мавзуъҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҷиноӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, буҳроншиносӣ, иқтисодӣ ва забоншиносист.

Соатҳои фориғ аз корҳои ҳизбиву машваратҳои ҳуқуқӣ фалсафа, таърих, адабиёт меомӯхт.

Собиқаи 22 сол кори омӯзгорӣ дорад. Дар Академияи ҳуқуқшиносии Украина низ кор кардааст, солҳои 1986-1993 омӯзгори факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1993 то 1997 Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва солҳои 1998-1999 мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. 

Мудофеи ҳуқуқи инсон аст. Асосгузори аввалин созмони ғайриҳукуматӣ (соли 1989) дар Тоҷикистон буд.

Зарфи 15 соли фаъолияти адвокатии худ ба беш аз 6 ҳазор шаҳрвандони кишвар ёрии ройгони ҳуқуқӣ расондааст. Мутахассис дар соҳаи қонунгузории техникист. Муаллифи матни алтернативии лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1992 ва аъзои гуруҳи ташаббускор дар соли 1994  буд. Табиист, ки дар ду маврид ҳам матни омодакардаи ӯ қабул нашуд.

Ҳамчунин Раҳматулло Зоиров дар таҳияи бештар аз 30 лоиҳаи қонун саҳм гирифтааст.

Шарҳи ҳоли Зоиров аз забони худаш

Зоиров дар бораи худ гуфтааст:

Вақте дар бораи худ бихоҳам кутоҳ маълумот диҳам, мегӯям: дар Қазоқистони Ҷанубӣ ба дунё омадам, дар Ӯзбекистон ба камол расидам, дар Русия обутоби меҳнатӣ ёфтам, дар Олмон хидмати ҳарбӣ кардам, дар Украина таҳсил намудам ва ҳоло дар Тоҷикистон зиндагонӣ ва кор мекунам. Миллатам тоҷик, дар хонадони устои суннатӣ дида ба олам кушодаам. Дар оила аз ҳама хурдсол будам. Дар бачагӣ майлу рағбати зиёд ба варзиш доштам (машқи гуштӣ кардаам, ба аспдавонӣ машғул шудаам, шиноварӣ кардаам). Китоби зиёд хондаам, дар оғоз афсонаҳо ва достонҳои халқӣ мехондам, баъдан адабиёти динӣ хондам ва баъд ба илмҳои дақиқ рӯ овардам. Аз синни 17-солагӣ дарси ҳуқуқ ва сиёсат таваҷҷуҳамро кашид.

Корҳои сохтмонӣ ҳам мекунам.  Куҳҳоро дӯст медорам, гардишгарӣ дар куҳҳоро. Боғпарварӣ аз шуғлҳои писандидаи ман. Дӯст медорам, ки худам бо дастони худам бисозам, мизу курсиҳо, кати хоб, роҳаткурсиҳои гуногун сохта метавонам. Аз синни даҳсолагӣ бо се забон шеър менависам…”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти ин сиёсатмадори маъруфи тоҷикро барои бастагон, ҳамҳизбиён ва тамоми мардуми Тоҷикистон таслият арз мекунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

18 майи 2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑