Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ва узви Шӯрои ПМТ, аз мақомот хост, зиндониёни сиёсиро озод кунанд ва ӯ дар муқобил, дар манотиқи дурдасти кишвар, 15 мактаб ва 15 бунгоҳи тиббӣ бино хоҳад кард.
Вай, дар номае саркушода ба дастгоҳи раисиҷумҳур ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон навишт: “Аз Шумо эҳтиромона дархост мекунам, ки агар 30 нафар аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро аз маҳбасҳо озод кунед, дар ивази он, дар деҳаҳои дурдасти кишвар, ки ба мактаб ва ё бунгоҳҳои тиббӣ ниёз доранд, 15 мактаби замонавӣ ва 15 бунгоҳи тиббӣ сохта медиҳам.”
Бобоев дар идома афзуд: “Нақша, лоиҳаҳо ва нархномаи иншоотҳоро омода карда ба Вазорати Илм ва Маорифи Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ пешниҳод менамоям.”




Оставьте комментарий