Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ибрози нигаронии шадиди худ аз боздоштҳои ахир дар Язгулом ва ҷорӣ сохтани маҳдудият дар ин минтақа, қотеъона аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон талаб мекунад, аз рафторҳои хушунатомез бо шаҳрвандон парҳез кунанд ва кормандони амниятии поймолкунандаи қонунро муҷозот намоянд ва ҳукумат аз зулму ситами беҳад ба мардуми ин минтақа аз Тоҷикистон даст бардорад.
Гуфтанист, маъмурони амниятии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта беш аз 30 нафар аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир карда, аммо ҳеч шарҳе дар бораи иллати ин боздоштҳо надоданд.
Бар асоси гузориши Azda tv дар таърихи 21 майи соли ҷорӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти вежа гузаронидааст.
Ба гуфтаи манбаъи ин пойгоҳи интернетӣ, рӯзи 16-уми май кормандони КДАМ аз қишлоқи Жамаг ҳудуди 18-20 нафар ҷавононро бо иттиҳоми номаълум боздошт карда, ба Душанбе интиқол додаанд ва то ҳол дар бораи макон ва сабаби боздошти онҳо мақомот чизе нагуфтаанд. Манбаъ тасреҳ кардааст: “Кормандони амният як нафарро ба исми Хоҷаев Аслиддин ба дасташ завлона заданд ва макони кадом силоҳеро аз вай талаб карданд, вале дар роҳ ҳамон корманди амният ва Аслиддин аз баландӣ ба дарёи Язгулом меафтанд, баъдан ҳам Аслиддин ва ҳам корманди амниятро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд. Аз зинда ва ё мурда будани ин ду нафар касе маълумот надорад.”
Ба гуфтаи сокинон, мақомоти амниятии Тоҷикистон шахсиятҳои баобрӯ ва чеҳраҳои мардумии ин водиро “шикастан” мехоҳанд, то мардум дар гирди онҳо ҷамъ нашаванд. Аз ҷумла, “як нафар бо номи Лайлиев Дилбаршоро, ки тоза аз Русия омада буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар байни язгуломиҳо аст, ӯро бо фарзандаш дар қатори дигарон ба Душанбе интиқол доданд.” Манбаъ таъкид мекунад, ки мақсади кормандони КДАМ “шикастани чунин ҷавонмардҳо аст.”
Манбаъ инчунин афзуд: “Рӯзи 18-05-2024 боз ҳам бо тӯҳмати навбатӣ ба қавле 13 ва ба қавли дигар 15 нафарро аз қишлоқи Андарбаг ҳамсояқишлоқи Жамаги водии Язгулом барои аз “мясорубка” гузарондан ба Душанбе интиқол доданд.”
Ҳамчунин як манбаъи дигари сокини Язгулом ба Azda tv ин боздоштҳоро тасдиқ кард ва афзуд, яке аз наздиконашро, ки чанде пеш ба Душанбе омада буд, гӯё зери кадом наворе дар Ютуб “лайк” мондааст, боздошт карданд ва то ҳол пайвандонаш намедонанд барои чӣ боздошт шудааст ва дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози нигаронии шадиди худ аз ин боздоштҳо, қотеъона аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон талаб мекунад, аз рафторҳои хушунатомез бо шаҳрвандон парҳез кунанд ва кормандони амниятии поймолкунандаи қонунро муҷозот намоянд.
КШНГЗС ҳушдор медиҳад, ки рафторҳои хушунтомез ва золимонаи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон бо мардуми ин минтақа дар се даҳаи ахир, намунаи боризи поксозии қавмӣ (генотсид ва этническая чистка) шумурда шуда ва муртакибони он тибқи қонунҳои байналмилалӣ ба ашадди муҷозот муҷозот хоҳанд шуд.
КШНГЗС ҳушдор медиҳад, ин рафторҳо бо шаҳрвандони осуда, фазоеро дар кишвар ба вуҷуд меоварад, ки барои шаҳрвандон чорае ҷуз шӯридан ва қиём алайҳи бедодгариҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ боқӣ намемонад.
КШНГЗС қотеъона аз ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси онҳо, раисиҷумҳури кишвар мехоҳад, ба ин бедодгариҳо нуқта гузошта шуда ва ҳуқуқи шаҳрвандон комилан риоят шавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
31 майи 2024
Акс аз сайти Бомдод




Оставьте комментарий