Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози хушҳолии худ аз озод шудани фаъоли сиёсӣ, Сулаймон Давлатов, аз тамоми касоне, ки дар озодии ӯ талош карданд, тақдиру ташаккур менамояд.
Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва мухолиф, дар санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ аз тарафи маъмурони амниятии Литва – кишваре, ки ӯ дар он паноҳанда аст, боздошт шуда буд. Додситонии кулли Литва дар санаи 9-уми апрели ҳамин сол гуфта буд, ки Давлатов ба хотири иртиботаш бо созмонҳои теруристӣ боздошт шудааст; чизе, ки Сулаймон Давлатов иттиҳоми Додситонии Литваро комилан беасос дониста, онро рад кардааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз касоне, ки барои озодии ӯ саъй талош карданд, хусусан Шарофиддин Гадоев ташаккур мекунад.
Гуфтанист, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) барои озодии Сулаймон Давлатов ниҳояти саъйи худро ба харҷ дод ва ба созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо ва низ мақомоти кишвари Литва нома навишта, дархости озодии фаврии Сулаймон Давлатовро карда буд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
5 июни 2024




Оставьте комментарий