Баёнияи таслияти КШНГЗС оиди даргузашти ҳамсари Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо арзи таслият ба Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва фарзандон ва наздикони эшон ба хотири даргузашти ҳамсари гиромии ҷаноби Домулло, Бону Резагул Розиқова, аз даргоҳи илоҳӣ барои он марҳума биҳишти барин ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳон аст.

Субҳи имрӯз хабар расид, ки ҳамсари зиндонии сиёсӣ ва аз раҳбарони ҲНИТ, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, Бону Резагул Розиқова дори фониро тарк гуфтааст.

Гуфтанист, охирин бор, ки марҳума Резагул Розиқова расонаӣ шудааст, дар таърихи 19 декабри соли 2020 ба хотири зиндонӣ шудани фарзанди гиромиаш, Асроруддин Розиқов буд. Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ дар ҳамин таърих, марҳума дар гуфтугӯ бо ин расона гуфта буд: “Ба мо фаҳмонданд, ки ӯ ҳукм гирифт, вале писарамро беасос зиндонӣ карданд. Мо адвокат надоштем. Ба толор даромадан намонданд.

Руҳашон шод ва ҷойгоҳашон биҳишт!

КШНГЗС бори дигар даргузашти он марҳумаро ба бастагонаш таслият мегӯяд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

7 июни 2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑