Дидор ва гуфтугӯи Раиси КШНГЗС бо шуморе аз намояндагони расонаҳои мустақил дар Лаҳистон

Ду рӯз қабл Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), Бобоев Абдусаттор, бо намояндагони расонаҳои мустақил дар Варшаваи Лаҳистон вохӯрӣ дошт.

Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон рӯзи 7 июн бо рӯзноманигори сойти Инсайдер, хонум Евгения Тимарченко ва рӯзноманигорони нашрияи “Политика”-и Лаҳистон, ҷаноби Павел Решка вохӯри дошт.

Зимни сӯҳбат, тарафҳо вазъи имрӯзаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо ва алалхусус Лаҳистонро баррасӣ карданд.

Роҳбари “Кумитаи наҷот” аз пешрафт ва муаммоҳои Кумита маълумот дода, инчунин барои рафъи камбудиҳо меҳмононро ба ҳамкорӣ даъват кард, ки аз ҷониби рӯзноманигорон хеле хуб пазируфта шуд.

Ҳангоми сӯҳбат инчунин мавзӯъи будубоши паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Истирдоди чанд нафар паноҳҷӯён аз ҷониби мақомоти кишварҳои аврупоӣ ки мутаассифона ҷой доранд низ яке аз мавзӯҳои сӯҳбат буд.

Роҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон истирдод шудани 5 нафар паноҳҷӯёи тоҷик дар як соли ахир, ки як нафари онҳо зан буд маълумот дода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон онҳо зери шиканҷа қарор гирифта, баъдан равони зиндон шуданд. Бобоев Абдусаттор ба рӯзноманигорон инчунин аз тақдири афроде хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳамкасбони аврупоии худ кафолат медоданд, ки нисбат ба он афрод ҳеҷ парвандае вуҷуд надорад, аммо баъд аз ба Тоҷикистон расонидани онҳо худи ҳамин мақомот онҳоро ба солҳои тӯлонӣ равони зиндон кардааст.

Раиси Кумита дар мавриди ин ва дигар қазияҳои вобаста ба паноҳҷӯёни тоҷик, ки ё истирдод шуданд ё хавфи истирдод онҳоро таҳдид мекунад нигаронӣ кардааст.

Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз сохтакорӣ шудани парвандаҳои паноҳҷӯён аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ва ба ин асноди сохтаю бофта бовар кардани масъулини аврупоиро яке аз мушкилоти ҷиддӣ номид. Эшон ба ҳамсӯҳбатони хуб аз сиёсатҳои дугонаи мақомот хабар дода, таъкид кард, ки саҳми расонаҳо барои бартараф кардани дурӯғҳои ҷониби Тоҷикистон хеле ба мақсад хоҳад буд.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑