Паёми табрики КШНГЗС ба муносибати Иди саъиди Қурбон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фарорасии Иди саъиди Қурбонро бар тамоми мусалмонон ва ҳамватанон махсусан азизони зиндониямон табрику таҳният мегуяд.

Иди Қурбон аз бузургтарин идҳои мусалмонон ба шумор меравад. Иди Қурбон иди фидокорӣ, ихлос, ишқ, бандагӣ ва эсору қурбонист. Бе ханҷару бе шамшер ҳам метавон қурбонӣ кард, ғаму андӯҳро, ҳирсу бадиву тамаъу ҳама аъмоли зишти инсониро. Ин иди бузург Иброҳимвор ҳама чизро ба Худо супурдан ва инсонвор дур аз ҳар гуна олойишот зистанро ба башарият меомӯзад. Иди Қурбон иди раҳоӣ аз ҳар чизе ғайр аз Худо мебошад.

Бешак хеле аз азизони зиндониямон ҷони худро дар роҳи ҳақиқат, озодӣ ва адолат қурбон намуданд ва хелеҳои дигар дар ин роҳ озодии худро қурбон намуда, дар зиндонҳои шайтонсифатон ва золимони давр қарор доранд. Бо умеди шодии руҳи шуҳадо ва озодии ҳарчи зудтари зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, КШНГЗС бори дигар ин иди саъидро бар ҳама мардуми кишварамон аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ табрик мегуяд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑