Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон фишору таҳдид ва гаравгон гирифтани ҷавонони водии Язғуломро аз ҷониби мақомоти қудратии низоми худкомаи Раҳмон шадидан маҳкум мекунад ва аз мақомоти дахлдор қотеъона талаб мекунад, ки даст аз таҳдиду фишор болои мардуми бегуноҳ бардоранд!
Шумо бо ин амалҳои аз доираи қонун ва инсоният берунатон ҳам худ ва ҳам миллати тоҷикро пеши ҷомеъаи ҷаҳон шармандаву беобурӯ мекунед!
Шумо бо номи Қонун доред қонуншикпнӣ мекунед! Сарқонуну қонунҳои ҷории Тоҷикистонро пурра поймол кардаед ва ҳар амале, ки ба худатон маъқул аст мекунед! Ҳамзамон, шарм надошта аз мардум талаб мекунед то қонуншикпнӣ накунанд!
Шумо аз номи қонун болои мардум зулм мекунед ва ҳукмҳои дастаҷамъӣ содир мекунед, ки дар асри 21 ба ҷуз аз чанд кишвари диктотурии дигар моли таърих гаштааст. Ин амалҳо боиси беобурӯӣ барои ҳар ҳукумату низоме дар таърих буда ва ҳаст. Аз кирдорҳои шумо бӯи шуми солҳои 37-уми асри 20 меояд!
То имрӯз даҳҳо нафар дар фазои маҷозӣ аз таҳдиду фишору шиканҷа ва дасӣгиру гаравгон гирифтани ҷавонони водии Язғулом иттилоъ додаанд, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасад.
Гуфтанист, ки бо ин кирдорҳои ғайриқонунии худ мақомот далелҳои тозаеро аз қабили нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, нақзи ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ ва боздошту шиканҷаҳои дастаҷамъӣ пеши ҷомеъаи ҷаҳонӣ мекушояд!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки ҷои буду боши ҷавонони язғуломиро ошкор карда даст аз таъқибу фишорҳои болои мардуми шарифи ин минтақа бардорад!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии мустақар дар Душанбе ва созмонҳои ҳуқуқибашарии дохиливу хориҷӣ хоҳиш мекунад то дар ин қазия бетараф набошанд ва онро пайгирӣ кунанд.
Аз ҳукумати Тоҷикистон, хусусан аз ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии кишвар бори дигар қотеъона талаб мекунем, ки худашон аввал қонунмеҳвар бошанд ва танҳо тибқи қонун амал намоянд ва даст аз фишору шиканҷаи мардуми бегуноҳ бардоранд! Ҳамзамон, шадидан талаб мекунем, ки ҷои буду боши ҷавонони язғуломиро ошкор сохта даст аз таъқибу фишор бар болои мардуми шарифи ин минтақа бардорад!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
28.06.2024




Оставьте комментарий