Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба Дабири кулли СММ, Антониу Гутерриш,

ба раиси САҲА, Ян Борг

Ҷанобони мӯҳтарам!

Дар санаи 26-уми июни соли ҷорӣ, Шумо ҷаноби Ян Борг, раиси Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон сафар ва бо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун диктатор дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст, дидор ва гуфтугӯ кардед.

Ва инак Шумо ҷаноби Антониу Гутерриш, дар назар доред, ки ба Тоҷикистон сафар кунед. Агар хато накунем, сафари шумо ба Тоҷикистон ва ҳамчунин сафари раиси САҲА ба кишвари мо, нахустин бор нест. САҲА дар Тоҷикистон дафтар дошт ва инчунин дар тамоми интихоботҳои Тоҷикистон намояндагони ин ниҳод иштирок намуда, дар гузоришҳояшон аз ношаффоф гузаштани интихоботи Тоҷикистон на як бору ду бор, балки чандин бор гуфтаанд. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки Раҳмон баъди иҷозати иштирок додани намояндагони мухолифон дар конфронси солонаи САҲА, фаъолияти дафтари шуморо дар Тоҷикистон маҳдуд сохт ва ба дари дафтарҳои дар минтиқаҳо фаъолият мекардаи ин ниҳод қулф зад. Яъне, Раҳмон агар зарур ояд, он ниҳоду созмонҳоеро ҳам, ки аз онҳо барои мубориза бо терроризм ва мустаҳкам намудани сарҳад маблағ гирифтааст, ҷосус ва террорист хоҳад хонд.

Ин шеваи кори Раҳмон дар тӯли фаъолияти беш аз 30-солааш аст. Агар ин тавр намебуд, Раҳмон тавсияҳои СММ ва ҳам САҲА-ро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон ва раҳоии бечунучарои зиндониҳои сиёсӣ иҷро мекард. Ин тавсияро шояд Шумо дар вохӯриҳои қаблиятон ба Раҳмон дода будед. Инчунин созмону институтҳои гуногуни байналмилалӣ ҳам пешниҳодҳои зиёде дар мавриди хотима додан ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон карда буданд.

Ҳол, кадоме аз зиндониёни сиёсӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ аз зиндон раҳо ёфтанд? Оё шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон кам шуд? Ба боварҳои динии мардум эҳтиром гузошта шуд? Ба мубориза бо падидаҳои динӣ ва муқаддасоти мардум нуқта гузошта шуд? Ва аз ҳама муҳим, оё фасод ва терроризм, ки ҳам СММ ва ҳам САҲА барои решакан намудани он маблағҳои зиёд ба Тоҷикистон ҷудо намуданд, аз байн рафт?

Ҷанобони мӯҳтарам!

Оё Шумо боре аз Эмомалӣ Раҳмон мепурсед, ки он маблағҳо куҷо шуданд? Бо ин маблағҳо Тоҷикистон ба муқобили террористон мубориза бурд ё аз миллат террорист сохт? Бо ҷудо намудани техникаи муосир барои сарҳад, чаро сарҳад мустаҳкам нашуду гардиши ғайриқонунии маводи мухадир афзуд?

Ҷанобони мӯҳтарам!

Вақте ки Шумо аз демократия ва озодии баён ва ҳуқуқи инсон сухан меронед ва худро ҳомии он медонед, оё нигарон аз он нестед, ки маблағҳои ҷудонамудаи шумо барои саркӯб намудани мардум, поймол намудани ҳуқуқи онҳо ва бештар реша давондани фасод мешаванд? Маблағҳои кишварҳои демократӣ барои саркӯб намудани мардуми озодихоҳ!

Масалан, Кумитаи мо, яъне Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, як созмони ҳуқуқӣ буда, барои дифоъ аз ҳуқуқи тамоми қишрҳои ҷомеа дар Тоҷикистон омода аст. Созмоне, ки сиёсӣ нест, ҳамарӯза аз Тоҷикистон садҳо нома мегирад. Бо умеди кӯмак ба мо муроҷиат мекунанд, то мо садои дили онҳоро ба созмонҳои байналхалқӣ, САҲА ва СММ расонем. Дар ин замина мо садҳо муроҷиат ба Шумо кардем, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед, пайдо намоед. Ҳатто муроҷиат ва нома навиштан ба Шумо имрӯз аз ҷониби режими Эмомалӣ Раҳмон ҷиноят ҳисоб мешавад ва аъзои Кумита, хешу пайвандони дар Тоҷикистон будаи онҳо зери фишори пайваста қарор доранд.

Ҳамкорӣ бо як Кумитаи ҳуқуқи имрӯз дар Тоҷикистон ҷиноят аст. Ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи байналмилалӣ инчунин. Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналист Улфатхоним Маҳмадшоева ва ҳуқуқшинос Манучеҳр Холиқназаров машз барои ин зиндонӣ шуда буданд.

Фишори мақомот ба хонаводаи аъзои Кумита то он дараҷае афзудааст, ки то манзили зисти онҳо имрӯз рабуда мешавад.

Дахлнопазирӣ ба манзил яке аз рукнҳои асосии тамоми қонунҳои байналмилалӣ аст ва ба он дар тамоми давлатҳо арҷ мегузоранд. Раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Абдусаттор Бобоев чанд рӯз пеш аз хонаи падарии хеш маҳрум шуд. Хонаи аъзои Кумита Салим Султонзода, ки онро ба бародараш ҳадя намудааст, имрӯз баҳсбарангез аст. Раиси ноҳияи Зафаробод мехоҳад онро давлатӣ кунад. Фишор болои пайвандони аъзои Кумита боиси нигаронист. Хонаводаи узви Кумита, Фарҳод Одинаевро аз барқ маҳрум намуданд. Ба узви Кумита Сайидзода Дилшод Абдураҳмон таҳдид мекунанд, ки 16-сола шудани писарашро мунтазир ҳастанд, то зиндонаш кунанд ва бо ҳамин роҳ даҳони Дилшодро банданд.

Ҳамчунин аз соли 2016 ба ин сӯ манзили истиқоматии ҳамсару фарзандони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ роҳбари Иттиҳоди Неруҳои Оппозисияи Тоҷикистон ва раиси Коммисияи Оштии Миллӣ низ аз тарафи Вазорати адлия бо дархости Кумитаи Амнияти Миллӣ (КДАМ) беш аз 8 сол мешавад, ки ба ҳабс гирифта шуда ва мӯҳри мамнӯъият гузошта шудааст.

Ва ҳамчунин хонаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва сармуҳаррири Пойгоҳи Isloh.net ва ISLOH TV ва хонаҳои падар ва бародарони ӯ мусодира шудаанд. Хонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 70, мусодира ва онро ба боғчаи кӯдакон табдил  кардаанд. Хонаи бародарони ӯ, Содот Садриддин ва Доро Садриддин, ки дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалилов ва хонаи бародараш Алҳамади Садриддин, ки дар шаҳри Бохтар қарор дорад мусодира шудааст. Ва аммо манзили падараш, Қаландар Садриддинзодаро, ки дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Маданият қарор дорад комилан валангор намуда, домоди Президент, Зоир Соҳибов онро соҳибӣ кардааст. Ба илова, хонаи хоҳари Муҳаммадиқболи Садриддин, Фируза Раҳматова, ки дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Худойбердиев қарор дорад низ мусодира шудаааст. Дар шаҳри Душанбе як хонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар кӯчаи Айнӣ 46 қарор дорад, онро низ мусодира кардаанд.

Чунин мисолҳо зиёданд, лек на фақат аъзои Кумита, балки дигар шаҳрвандон ҳам бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз дасти модари солманди Шарофиддин Гадоев (мухолифи сиёсӣ дар Аврупо) шиносномаашро рабуданд ва иҷозат надоданд, ки ба яке аз кишварҳои ҳамсоя барои табобат равад.

Ва ин дар ҳоле аст, ки дар Моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” оварда шудааст:

“Мафҳумҳое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:

– амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, заҳрнок сахттаъсир, заҳролуд; нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектхо; сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; ба вуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеъии ташкили чунин хатар; паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо; содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.”

Ҷанобони мӯҳтарам!

Мафҳумҳое, ки дар ин банди Қонун оварда шудаанд, ба режими диктотурӣ ва ҷинояткори Раҳмон хоссанд. Аз куштор, таҳдид, фишор, дуздидану гум шудани одамон. Ҳар нафаре, ки то имрӯз дар Тоҷикистон бо моддаи «терроризм» зиндонӣ шудааст, ҳеҷ яке аз ин амалҳоро анҷом надодаст. Ин амалҳоро ҳукумати Тоҷикистон ва пешвои худхондаи он нисбати мардум анҷом медиҳанд. Масалан, тазоҳуротгарони Бадахшон дар даст яроқу аслиҳа надоштанд, онҳоро бо зурӣ силоҳ пароканда намуданд ва баъдан хона ба хона гашта, ҷавонҳои бегуноҳро ба идораи амният ва полис бурда, бе ҳукми додгоҳ бераҳмона куштанд. Даҳҳо мухолиф аз Русия ва дигар кишварҳо рабуда мешаванд ва моҳҳо хешу табор ва наздиконашон намедонанд, ки ин нафарҳо дар куҷоянд. Ҳатто шахсонеро, ки давлатҳои аъзои САҲА аз қаламравашон ба Тоҷикистон истирдод мекунанд, дар фурудгоҳ нопадид шуда, бе дастрасӣ ба вакили дифоъ баъди чанде ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон мераванд. Беш аз як моҳ аст, ки ними мардҳои водии Язгуломи ВМКБ аз хонаҳояшон ба Душанбе ба бозпурсӣ бурда шудаанд ва пайвандонашон намедонанд, ки онҳо дар куҷоянд. 5 нафар ҷавонони ин минтақа баъди истирдод шудан аз Русия дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб нопадид шуданд.

Ва ҳамаи ин амалҳо на дар кишвари толибонӣ, ки хосси онҳост ва ҷаҳон барои ин онҳоро маҳкум мекунад ба амал наомадаанд, балки дар як кишвари ба ном демократие, ки кишварҳои ғарбӣ ва СММ онро ба нишасти худ мехонанд ва бо он даст дода, вохӯрӣ мекунанд ба вуқӯъ омадаанд. Агар дар ягон кишвари ғарбӣ ба мошини президент тухм партоб мекарданд, он одам чанд сол зиндон мешуд? Дар Тоҷикистон ин нафар яъне Билол Қурбонов ба 10 сол зиндон ҳукм шуд.

Умедворем, дар дидор бо Раҳмон, ин масоил баррасӣ ва чораҳои лозим барои бартараф шудани онҳо дида шавад.

Бо камоли эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава, Поланд

1 июли 2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑