Паёми табрикотӣ ба муносибати зодрӯзи халифа Музаффар Давлатмиров ва Комёр Мирзоев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), зиндониёни сиёсӣ, халифа Музаффар Давлатмиров ва блогери ҷавон Комёр Мирзоевро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфта, барои эшон сиҳатмандӣ, бурдборӣ ва озодии ҳарчӣ зудтарро орзӯ мекунад.

Боздошт ва зиндонӣ кардани ин ду нафар, аз равшантарин далоили ноҳақ будани системаи истибдодгари ҳукумати Раҳмон аст.

Гуноҳи халифа Музаффар Давлатмиров танҳо он буда, ки ӯ миёни мардум обрӯву эътибор дошт, чунки чун ходими дин буда, дар хидмати мардум буд. Гуноҳи дигараш ин аст, ки ҷанозаи Муҳаммадбоқирро хондааст.

Мисле, ки вакили мардумиро барои он ки касбаш ҳимоя аз гумонбарон асту ӯ танҳо вазифаашро иҷро кардааст, зиндонӣ мекунанд. Халифа Давлатмиров ҳам ҳамчун ходими дин ҷанозаи майитеро хондаасту барои он, ки вазифаашро, ки солҳост анҷом медиҳад, иҷро кардааст зиндон шудааст. Яъне, гуноҳи ӯ ин аст, ки вазифаашро иҷро кардааст, ки солҳо буд мекард. Хондани ҷаноза барои як рӯҳонӣ корест маъмулӣ.

Комёр Мирзоев ҳам, як фарди тамоман бегуноҳ буд. Масалан ӯ соли 2021 унвони “беҳтарин шаҳрванд”-ро соҳиб шуда буду, баъди як сол аз Маскав бо шеваи маъмулии низоми худкома, дӯздида оварда равонаи зиндон шуд. Танҳо барои он, ки бадахшӣ буду байни мардум эътибор дошт.

Яъне, барои низоми саркӯбгари ҳукумати Тоҷикистон нафаре, ки эътибору обурӯ дорад хатарноктарин нафар маҳсуб мешавад.

Ин низоми беобурӯ аз обурӯи мардум сахт дар ҳарос аст!

Бори дигар зодрӯзи халифаи бузургвор Музаффар Давлатмиров ва инсони неку хоксор Комёр Мирзоевро ба худи онҳо ва ба хонаводаи муҳтарамашон муборакбод мегӯем ва дуогӯи онем, ки ҳарчӣ зудтар ба назди азизонашон баргарданд ва зиндагии осоиштае дошта бошанд!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

10.07.2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑