КШНГЗС: “Ҳар чи зуд Шокирҷон Ҳакимовро озод кунед!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), боздошти муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ)-ро шадидан маҳкум ва аз ниҳодҳои марбутаи кишвар озодии ҳар чи зуди ӯро тақозо мекунад.

Гуфтанист, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва аз сиёсатмадороне дар дохили кишвар аст, ки дар баробари масоили рӯз озодона фикрашро баён мекард. Ӯ бидуни ҳеч далели малмусе боздошт шудааст ва чанд рӯз мешавад, ки мақомоти марбутаи кишвар иттилооти кофӣ дар бораи иллати дастгирӣ ва боздошти ӯ ироа надодаанд.

Шокирҷон Ҳакимов доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, аз қонуну қонунгузории Тоҷикистон пурра огоҳ мебошад ва ба ҳеч ваҷҳе на дар суханрониҳояш ва дар рафтораш ба нақзи қонун роҳ надодааст. Ӯ на мансабе дошт ва на талош дошт, то зараре ба ҷомеъаи Тоҷикистон бирасонад. Зиндонӣ кардани чунин шахсияте ба обрӯи кишвар зиёни ҷиддӣ дорад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), зимни ибрози нигаронии шадиди худ аз дастгирии ин сиёсатмадори барҷаста, мӯътақид аст, ки боздошти Шокирҷон Ҳакимов ва қабл аз вай, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва низ Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода ва ҳамчунин боздоштҳои як сол қабли чанд равшанфикр ва фаъоли иҷтимоӣ аз ҷумла Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода, ҳамаи инҳо барои таъмини интиқоли қудрат аз Раҳмон ба писараш, Рустам аст ва ҳукуматдорон гумон мекунанд, ки бо ин корашон заминаро барои интиқоли қудрат фароҳам мекунанд. Ғофил аз ин ки ин иқдомҳои онҳо баръакс фазоро тираву тор месозад ва қатъан натиҷаҳои маъкус хоҳад дошт.

Бинобар ин, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) мақомотро даъват мекунад, то ба ақл оянд ва беш аз ин дигар фазоро тира насозанд, ки қатъан ба зараршон тамом хоҳад шуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бори дигар аз ниҳодҳои интизомӣ тақозо мекунад, дар зудтарин вақт Шокирҷон Ҳакиморо раҳо созанд.

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

24 июли 2024

Варшава, Поланд

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑