Таслияти КШНГЗС нисбат ба шаҳодати Домулло Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо таъассуфи амиқ изҳор медорад, ки Домулло Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар зиндон дори фониро тарк ва ба мақоми шаҳодат ноил гаштанд.

Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи ҳисоботии ҲНИТ, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ, собиқ имом-хатиби ноҳияи Панҷ, донишманди улуми динӣ, яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ буд.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад соли 1959 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст.

Ӯ маълумоти ибтидоии диниро назди падараш ва сипас назди дигар донишмандони давр, хусусан Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ гирифтааст.

Дар аввали солҳои 90-ум имом-хатиби масҷиди ноҳияи Панҷ буд.

Дар барқарор кардани сулҳ саҳм ва хижматҳои Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва ризоият дар Тоҷикистон хеле назаррас аст. Дар Комиссияи оштии миллӣ ӯ узви зеркомиссияи оид ба кор бо гурезаҳо буд. Саҳми бебаҳои Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар он аст, ки ӯ бо тамоми қувва ва истеъдод ва донишаш тавонист суханҳои заруриро барои ҷангиён ва фармондеҳони мухолифини тоҷик пайдо кунад.

Дар солҳои 90-ум ба ҲНИТ пайваст ва аз он замон намояндаи барҷастаи маънавӣ ва сиёсӣ дар ин ҳаракат гардид.

Аз соли 1999 то рӯзи боздошташ Мавлавӣ Муҳаммадалӣ раиси комиссияи ҳисоботии ҲНИТ буд, ки бо овоздиҳии умумӣ дар анҷумани ҳизб интихоб мегардад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ донандаи хуби забонҳои форсӣ, русӣ ва арабӣ аст.

Ӯ оиладор ва падари 7 фарзанд мебошад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати ин олими боризи тоҷикро ба бастагон ва аъзои ҲНИТ ва низ ба ҳамаи тоҷикистониён таслият арз карда, барои он марҳум биҳишти барин ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳон аст.

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

26 июли 2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑