Ба:
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен), Умед Бобозода
Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Мансурҷон Умаров
Ва низ ниҳодҳои марбута.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон (КШНГЗС), ба василаи ин номаи саркушода, ба шумо мерасонад, ки бар асоси ахбори расида ба дасти мо аз сӯйи бастагони Зубайдуллоҳи Розиқ, вазъи саломатии ин зиндонии сиёсӣ ба ниҳоят сангин гаштааст ва ҳамакнун зери назари пизишкон қарор дорад.
КШНГЗС ба ҳамин хотир, аз шумо тақозо мекунад, эшонро дар зудтарин фурсат ба хонааш ба назди бастагон ва наздикони ӯ гусел кунед, то таҳти муроқибати вежа қарор бигирад.
КШНГЗС аз ин изҳори нигаронӣ мекунад, ки сарнавишти марҳум Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад бо Зубайдуллоҳи Розиқ такрор шавад; ҳодисае, ки бешак ба далели саҳлангории дастандаркорони зиндон рӯй дод.
Гуфтанист, Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кардаанд. Мақомот ва наздиконаш гуфтанд, ин рӯҳонии 80-сола мубталои бемории дил аст ва як ҳафта боз маризияш шиддат гирифта.
Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: “Падарам нӯҳ сол боз бо синни боло дар маҳбас аст. Шароит ҳатман таъсир мерасонад. Як бародарам дар дохили кишвар аст. Доруҳои заруриро бо машварати пизишкон ба ӯ мерасонад.”
Дар як соли охир дар зиндони шаҳри Ваҳдат марги ду узви боризи ҲНИТ сабт шудааст. Муҳаммадалии Файзмуҳаммади 65 сол ва Ҷалолиддин Маҳмудов 63 сол доштанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон (КШНГЗС)
7 августи 2024




Оставьте комментарий