Тавре ки расонаҳо хабар доданд, дирӯз мақомоти интизомии вилояти Хатлон Аҳмади Иброҳим, яке аз рӯзноманигорони маъруф ва сардабири ягона нашрияи мустақил дар минтақа «Пайк»-ро боздошт карданд. Боздошти Аҳмади Иброҳим идомаи силсилаи фишорҳо ва таъқибҳои озодандешон аз ҷониби режими худкомаи Раҳмон мебошад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик қотеъона талаб мекунад, ки Аҳмади Иброҳимро фавран озод кунанд ва ҳар гуна иттиҳоми сохтаву бофта дар нисбати ягона нашрияи мустақил дар минтақаро қатъан хотима диҳанд.
Мақсади воқеии мақомоти тоҷик танҳо манъ кардани озодии сухан ва ҳақиқатгӯӣ мебошад, дигар ангезае вуҷуд надорад.
Низоми худкомаи Тоҷикистон чунин муҳит ба вуҷуд овардааст, ки ҳатто барои аз нав ба қайд гирифтани як нашрия ришва талаб мекунад ва баъд ноширро барои додани маблағ, ки барои ҳимояи озодии сухан ба ин кирдор маҷбур гаштааст, гунаҳгор месозад.
Агар барои фаъолияти як нашрия дар Тоҷикистон чунин монеаҳо эҷод мекунед, гунаҳгор худи шумоед, на каси дигар!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон, аз созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи башар ва озодии баён, аз Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз даъват ба амал меорад, ки ба қазияи Аҳмади Иброҳим диққати ҷиддӣ диҳанд, то боз як рӯзноманигори дигар равонаи зиндон нашавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
16.08.2024, Варшава





Оставьте комментарий