Мӯҳтарам Бобоев Абдусатор,
Аз самими дил шуморо бо ҷашни зодрӯзатон, табрику муборакбод мегӯем!
Бобоев Абдусатор маъруф ба эшони Абдусатор санаи 05.09.1968 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз сини навҷавонӣ аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аст. Бобоев узви раёсати олии ҲНИТ ва узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон низ буда аз соли 2018 раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳаст.
Дар тӯли 6 соли фаъолияти худ ба ҳайси раиси Кумита, Бобоев Абдусатор дар анҷом додани корҳои назаррас ва муҳим барои зиндониёни сиёсӣ нақши бениҳоят бузург доранд. Ҳар сол, бо шаффофияти комил, интихоботи роҳбар ва муовинони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро баргузор карда ба таври зинда аз сомонаҳои иҷтимоӣ пахш мегардонад. Бо масъулияти том аз фаъолияти яксолааш ҳисобот медиҳад ва барномаи солонашро ироа мекунед.
Корҳое, ки бобои Эшон ҳамчун раиси Кумита анҷом додаед, далели заҳматҳои шабонарӯзии Шумо дар хизмат ба мардум мебошад. Шумо ҳамеша, бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои шахсӣ, кӯшиш мекунед, то ҳар нафаре, ки ба кумак ниёз дошта бошад дастгирӣ кунед. Воқеан, чунин шахсиятҳо ҳастанд, ки мисли чароғ роҳнамо барои дигарон мешаванд!
Мо, аҳли Кумита, якдилона ба Шумо ҷашни зодрӯзатонро аз таҳти дил табрик мегӯем! Ба Шумо умри дароз, сиҳатмандии комил ва муваффақиятҳои беназир таманно дорем.
Бо эҳтиром,
Аҳли Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.





Оставьте комментарий