Паёми табрикии КШНГЗС ба муносибати рӯзи таваллуди Ораз Вазирбеков

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Ораз Вазирбеков, зиндониёни сиёсӣ ва фаъоли иҷтимоиро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик мегӯяд ва орзу мекунад ҳар чи зудтар ӯ ва ҳамчунин тамоми зиндониёни сиёсӣ озод шаванд.

Ораз Вазирбеков кист?

Зиндонии сиёсӣ, Ораз Вазирбеков мутаваллиди 1 октябри соли 1977 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Вай дар мактаби миёнаи рақами 7-и ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Ораз Вазирбеков шаҳрванди Русия аст. Вай дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард. Ораз яке аз аз раҳбарони диаспораи помириён дар Русия ба шумор мерафт.

Дар таърихи 30-уми июли соли ҷорӣ пойгоҳи Pamir Daily News аз бедарак шудан Ораз ва низ Рамзӣ Вазирбековҳо хабар дод. Ин пойгоҳи интернетӣ, ки ҳодисаҳои вобаста ба Бадахшон ва зодаҳои ин вилоятро дар Тоҷикистону гӯшаҳои ҷаҳон бозтоб медиҳад, дар Телеграм-каналаш аз “нопадид шудан”-и ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Маскав хабар дод. Ин манбаъ навишт, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29-уми июл дар фурудгоҳи Домодедово “бедарак шудаанд”. “Ҳавопаймои онҳо аз Екатеринбург меомад ва соати 19:30 дар Домодедово поин шудааст. Чизе, онҳо ба наздиконашон гуфтаанд. Баъд аз ин, телефонашон дастнорас шуд,” – навишт пойгоҳ.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурудгоҳ берун нашуд.

Бино бар гузорише дар Радиои Озодӣ дар таърихи 1 августи соли ҷорӣ як навори видеоӣ дар канали “Беҳдошт ТВ”-и шабакаи YouTube нашр шуд ва Ораз ва Рамзӣ дар он зоҳир шуданд ва гуфтанд, ки “саҳари имрӯз ихтиёран ба Тоҷикистон омадаанд.”

Аммо бар асоси хабаре дар таърихи 29 август дар расонаи мазкур, пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо гуфтанд, онҳо нияти ба Тоҷикистон рафтан надоштанд ва нашри навори “бозгашти ихтиёрӣ”-и онҳо саҳнасозӣ аст.

Бино бар хабаре дар 14 сентябри соли ҷорӣ, пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо гуфтанд, як моҳ боз онҳоро надидаанд ва намедонанд, ки дар чӣ шароит ҳастанд. Аммо рӯйхати доруҳое, ки оварданашро хостаанд, нигарониро дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо бештар кардааст.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 29-уми август гуфт, шавҳараш рӯйхати доруҳоро ба пайвандонаш фиристодааст, то зудтар барояш фароҳам кунанд. Вай гуфт: “Мо рӯйхатро дидем. Дар он давоҳое ба монанди “Бадяга”, “Фуратсилин” ва доруҳои дигарро навиштаанд. Табибон гуфтанд, онҳоро барои давои захму доғҳои сиёҳе, ки бар асари зарбу лат дар бадан пайдо мешаванд, истифода мекунанд.”

Наздикони Ораз ва Рамзӣ Вазиребковҳо гуфтанд, онҳо вакили мудофеи давлатӣ доранд, аммо вазъро бозгӯ намекунанд. “Вақте аз намояндаҳои боздоштгоҳ мепурсем, ки чаро ба худи мо иҷозаи мулоқот намедиҳед, фақат як ҷавоб доранд, “фармон аз болост”, — гуфтанд пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо.

Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳар ду дар наворе гуфта буданд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, “пас, рабуда шудаанд”.

Бино бар навиштаи Pamir Daily News, дар ним сол дастикам 5 зодаи Бадахшон дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, яке аз онҳост. Ӯ моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар се сол пеш гуфта буданд, ки дар солҳои 2005-2018 дар хориҷа, бахусус Русия, 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад. Мақомоти расмӣ чунин иттиҳомро ҳамеша рад мекунанд ва эълом мекунанд, ки афроди дар кишвар пайдо шуда бо майли худ ба Тоҷикистон омаданд.

Бино бар гузориши 20 октябри соли ҷорӣ (2022) ба парвандаи Ораз Вазирбеков иттиҳоми нав илова кардаанд. Пайвандонаш рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин дафъа ӯ ба “азхудкунии маблағ” гумонбар аст.

Бино бар навиштаи Анора Саркорова, ҷумъаи 28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мурофиаи пӯшидаи парвандаи Ораз Вазирбеков оғоз шуд.

Вай навишт, ки Ораз Вазирбеков бар асоси моддаҳои 307 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили созмони ифротӣ) ва низ барои “Даъвати оммавӣ ба тағйири зӯроварӣ дар сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз интернет” муттаҳам мешавад.

Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии шаҳри Душанбе, ки муттаҳам аз замони боздошт дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑