Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе нисбати Сӯҳроб Зафар – раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки 30 сол таъйин карда ва низ ҳукми Насимҷон Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ, ки 20 сол барояш таъйин шудааст, ба шиддат маҳкум намуда ва аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон тақозо мекунад, дар ин ҳукми худ бозбинӣ намоянд ва ин ду бегуноҳро фавран озод созанд.
КШНГЗС ҳамчунин аз тамоми ниҳодҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки сукут ва хомӯшии бемаънии худро бишкананд ва аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, ҳарчи зуд ин ду фаъоли сиёсиро, ки ҳеч гуноҳе надоранд ба ҷуз мухолиф будан бо сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ, озод созад.
Бино бар гузориши Радиои Озодӣ, Додгоҳи шаҳри Душанбе Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол ва узви баландпояи ҳамин гурӯҳ, Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Ҳукми онҳо рӯзи 10-уми октябр дар Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе паси дарҳои баста содир шудааст.
Бар асоси ин гузориш, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, 30 сол зиндон ҷазои сахттарин ба шумор меравад. Баъди ин танҳо ҳабси абад пешбинӣ шудааст.
Ин гузориш меафзояд: “Ҳар ду дар сӯҳбати охирини худ дар мурофиа гуфтанд, аз роҳи интихобкардаашон пушаймон нестанд. Сӯҳроб Зафар гуфт, аз касе пора нагирифта, ҳаққи касеро нахӯрдааст ва касеро накуштааст ва ҳеч кори хилофи қонуни башарӣ накардааст, ки пушаймон бошад. Ӯ гуфт, ба халқам хиёнат накардам ва созмони мо ҳам террористиву ифротӣ нест.”
Гуфтанист, Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
17 октябри 2024
Варшава, Поланд




Оставить комментарий