Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), Абдусаттор Бобоев ва ҳайати ҳамроҳ, дар ҳафтаи ҷорӣ сафаре корӣ ба Порис, пойтахти Фаронса анҷом ва бо фаъолони сиёсии тоҷик дар ин кишвар аз ҷумла Муҳаммадҷон Нурӣ, муовини раиси КШНГЗС, дидор ва гуфтугӯ ба амал оварданд.
Ба гузориши Зиндониён, раиси КШНГЗС ва ҳайати ҳамроҳ зимни ин дидор ва гуфтугӯ, дар робита бо масоили доғи рӯз ва кору фаъолияти КШНГЗС баҳсу табодули назар намуданд.
Ҳамчунин дар ин дидор, дар робита бо интишори маҷаллаи шумораи 5-и КШНГЗС оиди зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва инчунин беҳтар намудани сифати он, каму костиҳо ва омодагӣ барои интишори шумораи 6-и маҷалла барои соли оянда, то ширкати раиси КШНГЗСТ дар фаъолиятҳои Конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Варшава сӯҳбат сурат гирифт.
Дар ин дидор, раис ва муовини КШНГЗС бобати ҳукми ғайриодилонаи раиси “Гурӯҳи 24”, Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия, Насимҷон Шарипов ва дигар зиндониёни сиёсӣ минҷумла шаҳодати Ҷалолиддини Маҳмуд ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад низ баҳсу табодули назар намуданд ва тарзи бархӯрди режими Тоҷикистон бо дигарандешон ва зиндониёни сиёсиро золимона ва берун аз чорчӯбаи ҳама гуна меъёрҳои қонунҳои башарӣ дониста, онро маҳкум намуданд.
Тасвирҳое аз ин дидор:








Оставить комментарий