Имрӯз (20 октябр) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит аст; касе, ки ба тамоми маънои калима Қаҳрамон аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ин қаҳрамон ва наздикон ва бастагон ва бахусус ҳамсари сабураш, ба муносибати зодрӯзи Ҳаит, озодии ҳар чи зуди ин қаҳрамонро аз сиёҳчолҳои режими Эмомалӣ Раҳмонов таманно мекунад.
Маҳмадалӣ Ҳаит кист?
Маҳмадалӣ Ҳаит (Ҳайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович), сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, муовини раиси ҲНИТ, афсари собиқи Гурӯҳи кашшофи Шӯравӣ, узв ва фаъоли собиқи Созмони “Растохез” ва соҳиби нишони “Ситораи сурх” (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ) аст.
Маҳмадалӣ Ҳаит ҳаминак узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад.
Ӯ 20-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи коргар зода шудааст. Маҳмадалӣ дар 16-уми сентябри 2015 дар хонааш аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шуд.
Ҳаит соли 1974 мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакиро хатм ва ҳамон сол ба факултети шарқшиносии ДДТ ба номи Ленини пойтхт, шаҳри Душанбе дохил мешавад. Сипас, дар соли 1976 таҳсили худро дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ) идома дода, соли 1980 онро хатм кард.
Маҳмадалӣ Ҳаит пас аз хатми донишгоҳ, ба ҳайси тарҷумони низомӣ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва сипас дар Телевизиони Давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ дар соли 1983 дар авҷи ҷанги нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ба унвони лейтенанти калон ва афсари Хадамоти кашшоф ба Афғонистон эъзом шуд.
Ӯ масъулияти афсари ҳамоҳангсоз миёни мақомоти артиши Шӯравӣ ва муҷоҳидини Афғонистон, бавижа Аҳмадшоҳ Масъудро ба ӯҳда дошт ва дар барқарории оташбас миёни ду тарафи мазкур дар соли 1984 саҳми арзанда дорад.
Пас аз фаъолиятҳои низомӣ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва аз соли 1990 то 1992 ба ҳайси муҳаррири нашрияи “Растохез” анҷоми вазифа кард. Вай дар соли 1992 дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба симати муовинати раиси Кумитаи Радио ва Телевизиони Тоҷикистон мансуб шуд.
Маҳмадалӣ Ҳаит яке аз фаъолони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси даҳаи ахири 80-ум ва авоили 90-ум ва узви Созмони “Растохез” буд. То воқеъаҳои феврали соли 1990 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор мекард ва ба далели нашри ахбори ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз кор ронда шуд.
Вай соли 1992 ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун аз масъулини аршад ва пурталоши ин ҳизб ба шумор рафта, дар миёни ҷомеъа ва зиёиёни тоҷик аз ҷойгоҳи хоссе бархӯрдор аст.
Нақши Маҳмадалӣ Ҳаит дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори суботу оромиши кишвар зиёд аст. Ҳаит узви гурӯҳи кории татбиқи Созишномаи Хустдеҳ буд, ки он аввалин қадам ба сӯи сулҳи тоҷикон ба шумор меравад ва сипас дар гурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ ифои вазифа кард.
Маҳмадалӣ Ҳаит барои интиқодҳояш аз ҳукумат мавриди латукӯби афроди ношинос дар моҳи апрели 2013 қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд, ки асарҳои он то кунун дар ӯ боқӣ монданд.
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд; иттиҳоме, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Рӯзи 10-уми майи 2018, Гурӯҳи кории Созмони Милал, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, зимни интишори хулосаи худ дар ҳаҷми 13 сафҳа гуфт, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит ғайриқонунӣ бар хилофи чанд банди Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи инсон ва чанд банди Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Иҷтимоӣ ва Сиёсӣ буда, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро озод кунад ва ба ӯ ғаромат бисупорад; дархосте, ки аз тарафи ҳукумат нодида гирифта шудааст.
Ҳаит донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва англисӣ мебошад.
Вай оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.
КШНГЗС бори дигар ин қаҳрамонро ба зодрӯзаш табрик мекунад ва эълом медорад, ки ин созмон то кунун барои озодии ӯ ҳар чи аз дасташ омадааст анҷом дод ва аз ин баъд низ ҳар кору иқдоме, ки барои озодии ин фарзона лозим бошад, анҷом хоҳад дод.




Оставьте комментарий