Мо ҳама аз они Худоем ва ба сӯй Ӯ боз мегардем.

«انا لله و انا الیه راجعون»

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ хабари даргузашти модари азизу гиромии зиндонии сиёсӣ устод Муҳаммадалӣ Ҳаитро бо андӯҳи зиёд дарёфт намуда ба устод Муҳаммадалӣ Ҳаит ва ҳама бозмондагони он марҳума сабри ҷамил ва аҷри ҷазил хоҳон аст.

Худованд руҳи ин модари бузургворро, ки чашм ба роҳи ҷигарбанди зиндонияш то охирон лаҳазоти ҳаёти худ боқӣ монд ва фарзанде, қаҳрамоне чун устод Муҳаммадалӣ Ҳаит барои хидмат ба дин, садоқат ба ватан, озодиву ободии кишвар ва мардум тарбият ва тақдим ба ин миллат намудааст дар ҷанноти фирдавси аъло қарор бидиҳад. Руҳи он модари азиз шод ва қабраш пурнур бод.

КШНГЗС бори дигар ин ҳодисаи таассуфбарангез ва ҷонсӯзро бар шумо устоди арҷуманд Муҳаммадалӣ Ҳаит, таслият гуфта аз Худованди мутаъол барои он марҳума мағфират ва раҳмати бекарони Илоҳӣ ва барои шумо ва бозмондагон сабру саломат орзуманд аст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑