Номаи саркушодаи КШНГЗС ба раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон // Дархости адами истирдоди фаъолони тоҷик ба режими Раҳмон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо навиштани номае саркушода ба раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон, зимни дархости адами истирдоди фаъолони тоҷик аз ин кишвар ба режими Эмомалӣ Раҳмон баён доштааст: “Тибқи ахбори расида ба мо, ҳоло дар боздоштгоҳҳои Туркия чанд нафари дигар мунтазири истирдод ба Тоҷикистон ҳастанд. Нафарони бегуноҳе, ки барои адолат ва арзишҳои инсонӣ садо баланд кардаанд. Дархости аъзои КШНГЗС ба унвони як ниҳоди ҳуқуқӣ, аз Шумо ин аст, ки иштибоҳе, ки Туркия дар мавриди рабуда шудан ва истирдоди Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроби Зафар муртакиб шуда буд, такрор нашавад.”

Матни комили номаи КШНГЗС ба тартиби зерин аст:

Ба раисиҷумҳури мӯҳтарами кишвари дӯст Туркия, ҷаноби Раҷаб Тайиб Ардуғон

Раисиҷумҳури мӯҳтарам!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тариқи ин нома, нигаронии амиқи худро аз он иброз медорад, ки дар рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Шуморо шарики ҷинояти навбатии худ сохт.

Сухан атрофи он меравад, ки дар ин рӯз, дар Тоҷикистон, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Сӯҳроби Зафар ва узви фаъоли ин гурӯҳ, Насимҷон Шарифов — ки дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид ва сипас дар Тоҷикистон пайдо шуданд — аввалӣ ба 30 соли зиндон ва дуввумӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ин ду мухолифи режими Раҳмон, аз соли 2015 Туркияро барои худ ҷойи амн шумурда, дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ҳарчанд муассис ва роҳбари ин ҳаракат, Умаралӣ Қувватов дар таърихи 05.03.2015 дар кишвари шумо, дар қалби Истанбул ба таври ваҳшиёна дар пеши чашми ҳамсар ва кӯдаконаш террор шудааст. Бо ин ҳама, ин ду фаъоли сиёсӣ бо чанг задан ба ин асл, ки “мӯъмин бародари мӯъмин аст”, ба дастгирӣ ва ҳифзи ҷони мусалмонон аз ҷониби шумо умед доштанд.

Ин ду нафар дар Туркия ҳеч ҷинояте муртакиб нашудаанд ва исмашон ҳам ба унвони ҷинояткор дар ҷойе сабт нашудааст. Ҳатман мутталеъ ҳастед, ки Эмомалӣ Раҳмон баръакси Шумо — ки ба унвони як роҳбари мусалмон матраҳ ва ҳамеша дар минбарҳои ҷаҳонӣ аз мазлумон ҳимоят мекунед аз ҷумла дар суханронии охири худ (дар сетябри 2024) дар Иҷлосияи сарони СММ тасреҳ кардед, ки мо ҳомии мазлумонем — ба ҳеч як аз арзишҳои исломӣ ва инсонӣ дар Тоҷикистон пойбанд нест. Ба илова, худкомагӣ ва диктатории ӯ ва хонаводааш зарбулмасали хоссу омм шуда ва аз касе дар ҷаҳон пинҳон нест.

Ҳоло, кӣ бояд зидди фасод, дуздӣ, ғоратгарии Раҳмон ва хонаводааш садо баланд кунад? Магар мухолифони сиёсии Раҳмон, ки ин ду нафар зиндонишуда, аз раҳбарони онҳо ба шумор мераванд, ҳаққи садо баланд кардан алайҳи ин бедодӣ надоштанд? Зулм ва хиёнати Раҳмонро имрӯз ҷаҳон медонад ва номи Раҳмон дар таърих ҳамчун хиёнаткортарин раисиҷумҳур боқӣ хоҳад монд. Ва дар таърих агар дар бораи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” навишта шавад, ҳатман хоҳанд навишт, ки роҳбари ин гурӯҳ, Умаралӣ Қувватов дар кишвари Туркия ба қатл расид ва ҳамчунин ду узви ин гурӯҳ дар ин кишвар, кишвари демократӣ ва қонунмеҳвар, дар рӯзи равшан дуздида шуданд. Ва дар таърих сабт хоҳад шуд, ки ин ҳама дар замони роҳбарии шумо иттифоқ афтод.

Ҷаноби Раҷаб Тайиб Ардуғон!

Шояд шумо иқрор кунед, ки аз ин ҳама дарак надоштед; хабар надоштед, ки Насимҷон Шарифов рӯзи 23 феврали соли 2024 дар Туркия бедарак шуд. Телефони Насимҷон то 10 март то замони бедарак шудани Сӯҳроби Зафар ва чанд рӯзи дигар фаъол буд. Агар сохторҳои қудратии кишвари шумо дар ин кор даст ва бо ҳукумати Тоҷикистон доду гирифт намедоштанд, Насимҷон ва Сӯҳробро чун даъфаҳои қаблӣ, ки боздошт шуда ва бегуноҳияшон собит шуда буд, озод мекарданд.

Ин бор маълум аст, ки чӣ доду гирифти пинҳоние бо Раҳмон сурат гирифт ва озодона ин нафаронро аз Туркия бидуни ягон расмиёт тавассути ширкати “Сомон-Эйр” ба Тоҷикистон интиқол доданд. Яъне дар рабуда шудани ин ду нафар, дар канори Тоҷикистон, Туркия низ даст дорад.

КШНГЗС хотиррасон мекунад, ки агар ин кор дар асоси қонун сурат мегирифт, расонаҳои туркӣ аз он менавиштанд ва давлати Тоҷикистон ҳам эълон мекард, ки ду “ҷинояткори тоҷик”-ро давлатӣ Туркия ба Тоҷикистон интиқол додааст. Зеро прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳам баъди 6 моҳ иқрор кард, ки онҳо дар Тоҷикистон дар ихтиёри сохторҳои қудратӣ ҳастанд. Яъне тӯли ин 6 моҳ ягон нафар аз наздикони ин ду нафар намедонистанд, ки онҳо дар Туркия ҳастанд ё Тоҷикистон.

Нигаронии КШНГЗС аз он аст, ки ин ду нафар беш аз 10 сол дар Туркия дар канори мардуми ин кишвар, дар фазои тинҷу ором зиндагӣ ва қонунҳои ин кишварро риоя мекарданд ва ҳеч амале бар хилофи қонунҳои ин кишвар анҷом надодаанд. Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроби Зафар худро дар Туркия дар ҷойи амну бехатар эҳсос мекарданд. Ягона “ҷинояте”, ки шояд аз тарафи ин ду нафар анҷом шудааст, ин кору фаъолият дар асоси принсипҳои “Имон, Номус, Озодӣ, Баробарӣ“, ки шиори Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24” аст, мебошад.

Раисиҷумҳури мӯҳтарам!

Бояд бигӯем, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” маҳз барои ин принсипҳо мавриди таъқиби режими диктотурӣ ва фасодзадаи Раҳмон қарор гирифтааст. Ин ҷавонони озодихоҳ барои пиёда намудани ормонҳои муассис ва роҳбари ин Ҳаракат Умаралӣ Қувватов, ки бо супориши режими Раҳмон дар кишвари шумо кушта шуд, содиқанд. Ва ба ин ҳақ ҳам доранд.

Агар Раҳмон дар Тоҷикистон баробариро риоя мекард, домоди худро ба унвони сафир ба кишвари шумо намефиристонд. Агар Шумо намехостед, ки шарики ҷинояти Раҳмон гардед, на домодашро ба ҳайси сафир қабул мекардед ва на барои таъқиби мухолифон бо Раҳмон ҳамкорӣ.

Имрӯз Туркияро чӣ дар СММ ва чӣ кишварҳои аврупоӣ ба ҳайси як кишвари озод ва демократӣ мешиносанд. Пас, ба ин принсип бояд содиқ буд.

Тибқи ахбори расида ба мо, ҳоло дар боздоштгоҳҳои Туркия чанд нафари дигар мунтазири истирдод ба Тоҷикистон ҳастанд. Нафарони бегуноҳе, ки барои адолат ва арзишҳои инсонӣ садо баланд кардаанд. Дархости аъзои КШНГЗС ба унвони як ниҳоди ҳуқуқӣ, аз Шумо ин аст, ки иштибоҳе, ки Туркия дар мавриди рабуда шудан ва истирдоди Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроби Зафар муртакиб шуда буд, такрор нашавад.

Дархости дигари мо ин аст, ки нафароне, ки дар таҳвили ин ду нафар ба Тоҷикистон даст доранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Мо умед дорем, ки Шумо ин дархости моро ба инобат мегиред ва дигар бо режими Раҳмон ҳамкорӣ нахоҳед кард.

Мардуми тоҷик хислати созандагӣ доранд ва ин дар таърих борҳо исбот шудааст. Ин Раҳмон аст, ки ин миллати куҳанбунёдро, ки аз қаъри асрҳо бо миллати ҳамдини турк муносибати хуби дӯстона дорад, ба ҳайси террорист дар ҷаҳон муаррифӣ месозад, то бо ин роҳ хостаҳои худро пиёда созад ва аз ҷониби дигар кишварҳо маблағгузорӣ шавад. Мо бар ин боварем, ки ҷорӣ намудани раводид байни Тоҷикистон ва Туркия, баъди нобоварӣ ба тоҷикон сурат гирифт.

Шумо дар чеҳраи мардуми тоҷик террористро набинед, террорист имрӯз Раҳмон аст, ки мардумашро ба ин ҳол оварда ва ҳама орзуи фирор аз Тоҷикистонро доранд. Муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ҳам далели тамаъҷӯии Раҳмон аст ва инро бояд Шумо ба ҳайси роҳбари як кишвар дарк кунед.

Мо медонем, ки дигар Насимҷон Шарифов ва Сӯҳроби Зафар, ки пушти дарҳои баста ва пинҳон аз чашми ҷомеа бегуноҳ ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд, аз дасти ин режими золим наҷот нахоҳанд ёфт. Лек тақозои мо аз Шумо ин аст, ки дигар ба фиреби ин режим дода нашавед ва ҳамшарики ҷиноятҳояшон нагардед.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава, Лаҳистон

27.10.2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑