Изҳороти КШНГЗС дар хусуси қарори пулиси Олмон дар бораи истирдоди Дилмурод Эргашев ба Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо маҳкум кардани қарори пулиси Ҷумҳурии Федерали Олмон мабнӣ бар истирдоди Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсии тоҷик ба Тоҷикистон, аз мақомоти ин кишвар дархост мекунад, дар қарори худ таҷдиди назар кунанд ва нагузоранд сарнавишти бисёр талхи истирдодшудаҳои фаъолони тоҷик, дар мавриди Дилмурод Эргашев такрор шавад. Зеро дар сурати истирдоди ӯ, қатъан азобу шиканҷа аз ҷониби сохторҳои қудратии режими Раҳмон ва маҳкум шуданаш ба зиндон дар интизор аст.

Гуфтанист, мақомоти Олмон раванди ихроҷи Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсӣ ва паноҳҷӯйи 40-соларо шурӯъ кардаанд. Бино бар  гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти олмонӣ ба вай дастур додаанд, ки ба Шӯъбаи истирдоди Боздоштгоҳи муҳоҷирон ворид шавад ва омодаи ихроҷ бошад.

Бино бар ин гузориш, мақомоти Олмон гуфтаанд, Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.

Дар ҳамин гузориши Радиои Озодӣ омадааст, Дилмурод Эргашев, ки қарор аст аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шавад, 5 ноябр даст ба худкушӣ задааст. Бар асоси ин гузориш, бо вуҷуди он ки ӯ ба бемористон интиқол дода шудааст, мақомоти Олмон қарори ихроҷашро бекор намекунанд.

Тибқи ин гузориш, Дилмурод Эргашев ҳангоме ки пулиси Олмон мехост, ӯро ба фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, рагҳои даст ва пойи худро буридааст. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале пулис гуфтааст, ин амал аз ихроҷи Эргашев пешгирӣ нахоҳад кард. Қарор аст, ӯ ба зудӣ ба Истамбул ва аз он ҷо ба Душанбе расонда шавад.

Фарҳод Одина, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо вуҷуди ин ки ба мақомоти Олмон расонидем, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст, натиҷа надод ва кишвари демократии аврупоӣ сарфи назар кард.”

Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Интизор меравад, аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд.” Ба нақли Эргашев, дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Клеве низ баромадааст.

Дар мурофиа гуфтанд, ки тайи ин муддат дар Олмон мақоми паноҳандагӣ нагирифтам ва дигар ҳаққи дар ин ҷо буданро надорам. Вакили мудофеъ ба Додгоҳи олӣ ариза навишт, ки аз фиристодани ман ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад,” – афзуд ӯ.

Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст.

Аксу наворҳоеро, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Олмон будам, пешниҳод кардам. Мегӯянд, ин кофӣ нест ва ба ҳамин сабаб мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд,” – гуфт ӯ.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тамоми созмонҳои дохилӣ ва хориҷии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, тақозо мекунад, сукутро бишкананд ва нагузоранд, тоҷикҳо фақат ба ин “ҷурм”, ки аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекунанд ва дигар ҳеч “гуноҳе” надоранд, мавриди азобу шиканҷа ва зиндон шаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Поланд

5 ноябри 2024

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑