Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон қазияи Дилмурод Эргашевро, ки пас аз истирдодаш аз Олмон ба Тоҷикистон бо иттиҳомоти то ҳол номуайян ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаастро, як ҳушдори ҷиддӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ медонад. Ӯ ҳамчун дигарандеши фаъол, ки дар намоишҳои эътирозӣ дар Олмон алайҳи низоми худкомаи Тоҷикистон иштирок карда буд, ба таври ошкор ба дасти мошинаи таъқиб ва фишор супорида шудааст.
Таври маълум, ҳуумати Тоҷикистон мухолифони низомро бе риояи қонунҳои башарӣ, бо гузарондани додгоҳҳои пушида, бе таъмини вакили дифоъ ва иштироки намояндагони ахбори омма ва ҳатто хешовандонашон баргӯзор карда, онҳоро ба муҳлатҳои тулонӣ ба зиндон ҳукм мекунад. Ин раванд, ки зиддӣ тамоми қавонин ва қоидаҳои байналмилаллист, солҳост, ки идома дорад!
Мо бори дигар ба ҷомеъаи байналмилаллӣ, хусусан ба кишварҳои Аврупоӣ, ки аксари мухолифини тоҷик муқими ин кишварҳост, мерасонем ки аз истирдоди паноҳҷуёни сиёсии тоҷик даст кашанд, то дар ҷиноятҳои низоми Раҳмон шарик нашаванд.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз Олмон талаб мекунад, ки фавран талош кунад, то мақомоти Тоҷикистон Эргашевро озод кунанд ё шароитҳои ҳуқуқӣ ва далелҳои боздошташро шарҳ диҳанд. Ҳуқуқи ӯ ба мурофиаи одилона, дастрасӣ ба ёрии тиббии саривақтӣ ва ҳифзи ӯ аз шиканҷа бояд кафолат дода шавад.
Истирдод кардани мухолифон ба кишваре, ки хатари воқеии шиканҷа, фишори сиёсӣ ва ҳукмҳои ноодилона вуҷуд дорад, қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад. Олмон, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, бояд ин амалро қатъ кунад ва кафолат диҳад, ки ҳеҷ як шахс ба шароити ғайриинсонӣ ва хатарнок баргардонида нашавад.
Танҳо дар чанд соли охир, истирдодҳои мухолифони тоҷик аз Олмон, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбониён, ба шиканҷа ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон анҷом ёфтанд. Қазияи Эргашев идомаи ҳамин сиёсати саркӯбгарии низоми Тоҷикистон мебошад, ки мухолифонро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ таъқиб мекунад.
Мавқеи Дилмурод Эргашев ҳамчун узви Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ва иштироки ӯ дар эътирозҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Берлин, ӯро ба ҳадафи равшани таъқиб, фишор ва шиканҷа барои ин ҳукумат табдил дода буд. Ин ҳолат набояд бетаваҷҷуҳ монад.
Мо аз мақомоти Олмон даъват мекунем, ки сабабҳои иҷозати чунин истирдодҳоро таҳқиқ кунанд ва сиёсати худро дар самти муҳофизати мухолифони сиёсӣ бознигарӣ намоянд. Ҷомеаи байналмилалӣ низ бояд аз мақомоти Тоҷикистон талаб кунад, ки ҳуқуқҳои инсонро эҳтиром намуда, таъқиби мухолифонро хотима диҳанд.
Қазияи Эргашев бояд охирин мисоли чунин ноадолатӣ бошад.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон,
20.11.2024. Варшава




Оставьте комментарий