Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) раҳоӣ ва озодии зиндонии сиёсӣ Асроруддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, дар навбати аввал ба қиблагоҳи бузургвораш ва сипас шахси Асроруддин ва ҳама аҳли хонаводаи ӯ мубораку шодбош мегӯяд.
Панҷ сол сабру истиқомат ва истодагарӣ дар баробари он ҳама иттиҳом, ифтиро, бӯҳтону дурӯғ, азобу шиканҷа фақат ба хотири хидмат ва кӯмак ба падари пири хирадмандаш, ки дар зиндони ҷаҳлу зулму истибдод ба мӯҳлати 25 сол қарор гирифтааст, воқеан шоистаи тақдир аст.
Асроруддин озод шуд, аммо фариштае, ки дар фироқи шавҳару ҷигарбандаш тӯли ин ҳама солҳо бо ҳама сахтиҳо, фишору тавҳинҳо месӯхту месохт, ҳамин чанд моҳе пеш ба даъвати парвардгори хеш лаббайк ва ба сӯйи Ӯ Таъоло парвоз кард ва аз ин қафаси дунёӣ ва он ҳама сахтиҳо, машаққатҳо озод шуду рафт. Рафт ва ҳасрати дидори шавҳару ҷигаргӯшаашро бо худ бурд. Худоё! Интиқоми он ҳама фариштагоне, ки ҳасрати дидори азизонашонро бо худ бурдаанд ва ё нишастаандро аз ин ҳкумати ҷаҳлу зулму истибдод бигир.
Асроруддинро ҳукумати ҷаҳлу зулму истибдоди Тоҷикистон дар таърихи 26 июни соли 2020 ҳангоми рафтан ба маҳалли кораш дар роҳ медузданд ва ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебаранд. Бо вуҷуди талошҳо аз замони дуздидан то эълони ҳукм модару наздиконаш ӯро боре ҳам дида натавонистанд. Муддате баъд аниқтараш дар моҳи сентябр баъд аз се моҳ наздиконаш ӯро танҳо дар филми омода намудаи ба гуфтаи мақомот мустанади “Хиёнат” мебинанд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи сентябр ӯро бо иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти аҳзоб ва созмонҳои мамнуа эълон дошта буд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар моҳи декабри 2020 Асрорудинро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд. Додгоҳ пушти дарҳои баста доир шуда ва касе аз бастагони ӯро ба додгоҳ роҳ надоданд.
КШНГЗС бо пахши изҳороте ҳукми додгоҳро шадидан маҳкум намуда ин амали мақомотро хилофи қонунҳои ҶТ ва инчунин хилофи тамоми меъёрҳои байналмилӣ дониста аз ҳама созмонҳои ҳуқуқи башарӣ даъват намуд, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи ҳуқуқи инсон водор намоянд.
Созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо бе асос хондани ин иттиҳомот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки Асроруддинро озод ва афроди дахил дар боздошти ӯро муҷозот кунад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ
27.12.2024




Оставьте комментарий