Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани талаби ғайриқонунии додситони давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон мабнӣ бар ҳабси шуморе аз фаъолони маъруфи сиёсии тоҷик ба солҳои тӯлонӣ, аз мақомоти зирабти кишвар бавежа раисиҷумҳур, Эмомали Раҳмон тақозо мекунад, пеши роҳи ин бебандубориро бигирад ва нагузорад ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон то ба ин ҳадд поймол гардад.
Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб кардааст, ки чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатии Тоҷикистонро, ки бо гумони ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кунад. Бар асоси ин гузориш, талаби додситон чунин аст:
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 30 сол зиндон;
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 30 сол зиндон;
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол зиндон;
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол зиндон;
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ – 23 сол зиндон;
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 23 сол зиндон;
Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният, ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш дар ВКХ – 26 сол зиндон;
Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 26 сол зиндон.
КШНГЗС ин талаби додситонро ба ду далел комилан ғайриқонунӣ медонад:
1) Боздошти фаъолони мазкур бо ин айб яъне кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ, аз аввал машкук буд ва ҷомеаи Тоҷикиситон аз ҳамон рӯзи аввали боздошти онҳо, бовар надошт, ки номбурдаҳо чунин қасде дошта бошанд. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳам, ки арзише барои афкори умумии ҷомеа қоил нест, ҳаргиз барои қонеъ кардани ҷомеа, далел ва ҳуҷҷатҳои кофӣ ироа накард;
2) Мувофиқи қонун, то замоне, ки муттаҳам ба айбе, ки ба он айбдор мешавад иқрор накунад, содир намудани ҳукм дар хусуси ӯ ҷоиз нест. Тибқи гуфтаи наздикони боздоштшудаҳо, ҳеч як аз онҳо ин айбро яъне кӯшиш барои табаддулот ва ё “ғасби қудрат”-ро ба гардан нагирифтаанд.
КШНГЗС ҳамчунин аз ҷамиъи созмонҳо ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар чӣ дар дохили Тоҷикистон ва чӣ созмонҳои байналмилалӣ, дархост мекунад, дар ин қазия бетафовут набошанд ва пеши роҳи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро бигиранд.
Бо эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
9 январи 2024
Варшава, Поланд
(Акс аз Радиои Озодӣ)




Оставьте комментарий