Бо андӯҳи амиқ хабар медиҳем, ки шаби 13 январ соли 2025 Қулмамад Паллаев, зиндонии сиёсӣ, зодаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар яке аз зиндонҳои низоми худкомаи Раҳмон даргузашт.
Паллаев, ки 50 сол дошт, аз тазоҳуротчиёни гирдиҳамоии моҳи майи соли 2022 дар шаҳраки Вамар буд. Баъд аз ин ҳодиса дастгир гардида, бе риъояи қавонини мурофиавиву додгоҳӣ ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.
Маълумоти зиёде мерасид, ки ӯ дар зиндон пайваста мавриди шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ қарор гирифта буд. Марги Қулмамад Паллаев бозгӯи равшани он аст, ки зиндонҳои низоми Раҳмон ба марказҳои шиканҷа ва фишори равонӣ табдил ёфтаанд, ки монанд ба зиндони Сиднаяи диктатор Башар Асад, ки ба рамзи беадолатӣ ва саркӯби инсонӣ дар ҷаҳон маъруф гаштааст ҳаммонанданд.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Зиндониён ва Гаравгонони Сиёсии Тоҷикистон ин ҳодисаи фоҷиаборро қотеъона маҳкум мекунад. Мо таъкид менамоем, ки марги Паллаев идомаи сиёсатҳои саркӯбгаронаи низоми Раҳмон барои пахш кардани ҳар гуна озодии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва ҷомеъаи башарӣ даъват мекунем, ки фишорро болои низоми худкомаи Тоҷикистон барои қатъи шиканҷа, озод кардани зиндониёни сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон зиёд гардонанд. Инчунин назорати пайваста ба шароити зисти зиндониён дар Тоҷикистонро тавассути созмонҳои байналмилалӣ зиёдтар гардонанд.
Инчунин, мо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунем, ки таҳқиқоти ҷиддӣ ва шаффоф дар робита ба ин марги фоҷиабор бо иштироки созмонҳои ҳуқуқи башарӣ роҳандозӣ кунанд. Бигзор омилони шиканҷа ва марги Қулмамад Паллаев муҷозот гарданд.
Марги Қулмамад Паллаев фоҷиа барои ҷомеъаи Тоҷикистон ва намунаи дигаре аз беадолатии низомест, ки ҳама ҳуқуқҳои инсониро поймол кардааст.
Мо ҳамдардии самимии худро ба оилаи марҳум ва наздиконаш мерасонем ва изҳор медорем, ки талошҳои мо барои адолат, озодӣ ва наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома хоҳад ёфт.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
13 январ 2025





Оставьте комментарий