Изҳороти Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

Номаи кушода

Ба мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ

Талаби раҳоии сардабири маҳкумшудаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим

Бо изҳори нигаронӣ, Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеъаи озодандеши тоҷик ҳабси Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк”-ро шадидан маҳкум мекунем ва аз мақомоти марбутаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамоем, ки ӯро фавран раҳо карда, ҳукми беадолатона ва иттиҳомоти сохтае, ки зидди ӯ пеш содир шудаанд бекор карда шавад!

Аҳмади Иброҳим, ки моҳи августи соли 2024 боздошт гардид, рӯзи 10-уми январи соли 2025 бо иттиҳомоти шубҳаовари “ришвадиҳӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба даҳ сол зиндон маҳкум карда шуд.

Аҳмади Иброҳим шахсияти шинохта ва маҳбуб дар ҷомеа аст. Ӯ 63-сол дошта аз рӯзноманигорони саршиноси тоҷик ба ҳисоб меравад, ки солҳои тӯлонӣ дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият карда, бо қалами худ садои мардумро дар ҷомеаи матбуотии кишвар баланд мекард. 

Инчунин Аҳмади Иброҳим муаллифи китобҳое, аз ҷумла “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, “Спитаман. Катан. Тахористон” ва “Куруши Кабир” мебошад. Туҳмати “ифротӣ” ё “ришвадиҳӣ” ва ё “тамаъҷӯӣ” задан ба як чунин шахс худаш ҳамоқате беш нест!

Соли 2012 ӯ нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар вилояти Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт сардабир ва масъули чопи он буд. Бо вуҷуди фишорҳои бесобиқа аз ҷониби ҳукумат, нашрияи “Пайк” ҳамчун манбаи боэътимоди ахбор дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум нақши боризе дошт. 

Мутаассифона, ҳукми ахир нисбати Аҳмади Иброҳим идомаи сиёсати систематикӣ ва саркӯбгаронаи ҳукумати Тоҷикистон буда, ки озодии баён ва матбуоти мустақилро комилан маҳдуд кардааст. Тайи солҳои ахир даҳҳо рӯзноманигор, блогер ва фаъолони иҷтимоӣ бо иттиҳомоти беасос ба зиндон маҳкум шудаанд. 

Танҳо дар солҳои 2022 ва 2023 ҳашт рӯзноманигор ва блогер ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардидаанд.

Ба ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи инсон, инчунин Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (CPJ), Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки ба қазияи Аҳмади Иброҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тамоми имконоти дипломатӣ ва ҳуқуқии худро истифода намоед, то барои озодии ин рӯзноманигори мустақил саҳмгӯзор бошед.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон дар навбати худ ҳукми зиндон кардани Аҳмади Иброҳимро куллан беасос ва ғайриқонунӣ номида, ба ин бовар аст, ки ин ҳукм бо ҳадафи сиёсӣ содир шудааст.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ба ҳукумат ҳушдор медиҳад, ки таъмини шароити одилона ва мустақил барои рӯзноманигорону озодии матбуот дар Тоҷикистон тибқи қонқунгузории ҷории Тоҷикистон вазифаи ҳукумат буда, обурӯи ҳукумат ва кишварро дар арсаи байналмиллалӣ латма мезанад!  

Марги озодии баён дар ҳар кишвар ҳамзамон марги адолат, ҳуқуқи башар ва рушди ҷомеа мебошад. 

Мо талаб дорем, ки ҳукумати Тоҷикистон озодии баёнро эҳтиром кунад ва ба саркӯб кардани шахсиятҳои озодандеш ва рӯзноманигорон хотима бахшад.

Мо кафолат медиҳем, ки талошҳои мо барои озодии ӯ ва ҳимояи дигар зиндониёни сиёсӣ то расидан ба адолат идома хоҳанд дошт.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

14 январ 2025

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑