Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо маҳкум кардани талаби додситон мабнӣ бар 17 сол зиндон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, аз мақомоти Тоҷикистон хусусан шахси Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунад, ба ин бебандуборӣ ва ситамҳо ба шаҳрвандони бегуноҳ нуқта гузошта шавад. Ва ҳамчунин аз тамоми ҳамкасбони Рухшона Ҳакимова чӣ дар дохил ё хориҷи кишвар ва низ аз созмонҳои байналмилалӣ дархост мекунад, сукути бемаънои худро бишкананд ва алайҳи бедодгарӣ дар Тоҷикистон садо баланд кунанд.
Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст. Бар асоси ин гузориш, мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба ”табаддулот” ба “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад медонанд. Тибқи ин гузориш, талаби додситон нисбат ба Рухшона Ҳакимова рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста садо додааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) талаби ин ҳукмро ғайриодилона мешуморад, зеро бар ин бовар аст, ки ҳанӯз барои афкори умумии Тоҷикистон асли ин иттиҳом яъне кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ба хотири пушти дарҳои баста баргузор шудани маҳкамаҳо оиди ин парванда, норавшан аст ва касе ба дурустии он бовар надорад. Ҳеч ниҳоди ҳуқуқи башарӣ дар Тоҷикистон чӣ давлатӣ ва чӣ мустақил ва ҳамчунин ҳеч расонае, аз ҷанбаҳои ин парванда огоҳ нест.
КШНГЗС мӯътақид аст, ки яке аз сабабҳои бебандуборӣ дар содир кардани ҳукм дар кишвар нисбат ба фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон, ин сукути бемаънои ҳамкасбони онҳо яъне рӯзноманигорон аст. Онҳо агар девори тарси беҷои худро мешикастанд ва дастаҷамъона алайҳи ин бедодгариҳо садо баланд мекарданд, ҳаргиз мақомот ба ин бебандубориҳо роҳ намедоданд.
КШНГЗС аз ҳамаи рӯзноманигорон чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз он бахусус аз НАНСМИТ ва раисаш Нуриддин Қаршибоев тақозо мекунад, сукути бемаънои худро шикананд ва нагузоранд ҳуқуқи рӯзноманигорон бавежа Рухшона Ҳакимова, ки узви фаъоли шумо ба шумор меравад ин қадар поймол шавад.
КШНГЗС аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки эълон кардааст аз ҳуқуқи инсон хусусан рӯзноманигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ ҳимоят мекунад, ҷиддан тақозо менамояд, дар баробари ин қазия бетараф наистад.
КШНГЗС аз мақомоти Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ҷамиъи ниҳодҳои ҳуқуқи башарии фаъол дар Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он, тақозо мекунад дигар ин бор хомӯш нашинанд ва садо баланд кунанд. На ба ҳама чиз бояд аз лобалои манофеъ ва масолеҳи сиёсӣ нигоҳ кард, ҳуқуқи инсон дар кишвари мо поймол мешавад. Сукути шумо аломати ризои шумост.
Бо эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Поланд
22.01.2025




Оставьте комментарий