Бонги изтироб!

Ба мо хабар расид, ки дар зиндони Ваҳдат эътироз ба вуқӯъ пайваста, зиёда аз 10 нафар кушта шудаанд. Даҳҳо маҳбуси дигар захмӣ гардидаанд, ҳолати баъзеи онҳо ваҳим арзёбӣ мешавад.

Бори дигар ба режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунем: қатлу куштор, шиканҷа ва зулми маҳбусонро қатъ кунед! Ҳар қатраи хуне, ки рехта мешавад, шаҳодати бедодгариҳои шумо ва поймолкунии ҳуқуқи инсон аст.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демократӣ муроҷиат мекунем:

Ба ин ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва ғайриқонунии режим таваҷҷуҳи хос зоҳир кунед!

Ҳазорон маҳбусон, аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ, таҳти азобу шиканҷа қарор доранд. Мо даъват мекунем, ки каромат ва ҳимояи ҳуқуқи бегуноҳонро фаромӯш насозед ва иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст гиред.

Сукути ҷомеаи байналмилалӣ танҳо ин режимро далертар ва зулми онро бештар хоҳад кард!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

03.02.2025

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑