Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо маҳкум кардани бархӯрди ваҳшиёнаи масъулони зиндони рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат бо зиндониён, ки мунҷар ба кушта шудани шуморе аз маҳбусон ва низ ибрози андӯҳи амиқи худ аз ин ҳодиса, ба бастагон ва наздикони кушташудаҳо таслият арз мекунад ва барои маҷрӯҳони ин ҳодисаи дилхарош орзуи шифои оҷил хоҳон аст.
Мутаассифона дар зиндони рақами 3/2 шаҳри Ваҳдат, ки дорои вазъи бисёр асафбор ва ғайриқобили таҳаммул мебошад, дар натиҷаи тирборони маҳбусон аз ҷониби нигаҳбонон, ҳадди ақал 10 нафар аз зиндониён кушта шуда ва шуморе ҳам маҷрӯҳ шуданд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) субҳи имрӯз (сешанбе, 03.02.2025) бо такя бар манобеъи худ, аввалин шуда аз ин ҳодисаи дилхарош ва кушта шудани зиндониён хабар дод ва баёния мунташир намуд.
Соате пеш, манобеъи мазкур ва низ баъзе аз наздикони кушташудаҳои ин ҳодисаи дилхарош, хабар доданд, ки ривояти мақомот аз ҳодисаи мазкур, ки дар расонаҳои ҳукуматӣ мунташир шудааст, дур аз воқеият мебошад ва зиндониёни кушташуда рабте ба ягон гурӯҳ надоштанд ва доъишӣ шумурдани онҳо сохта ва бофта мебошад.
Дар рӯзҳои оянда, воқеияти ин моҷарои дилхарош бештар равшан хоҳад шуд ва коршиносон дар бораи он ва сохта ва бофта будани ривояти ҳукумат, изҳори назар хоҳанд кард. Он чи феълан барои КШНГЗС мақдур аст, ки бигӯяд – бо такя ба яке аз бародарони кушташудаҳо — ин аст, ки кушташудаҳо рабте ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ надоштанд. Манбаъи мазкур, ки бародари ду тан аз кушташудаҳои ин ҳодиса мебошад, изҳор дошт, ки он ду бародараш бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шуда буданд ва руҳашон аз ДОЪИШ хабар надошт.
КШГНЗС аз бархӯрди ваҳшиёнаи масъулони зиндон бо маҳбусон ва қатли омми бегуноҳон таассуфи амиқи худро иброз медорад ва аз ҷамиъи созмонҳои ҳуқуқи башарии фаъол дар Тоҷикистон ва хориҷ аз Тоҷикистон тақозо мекунад, роҷеъ ба ин фоҷеа сокит нанишинанд. Мо мӯътақидем, ки маҳз сукут ва бетафовутии онҳо режими Душанберо ба анҷоми ҷиноятҳои дилбахоҳаш ҷареътар кардааст.
КШНГЗС тақозо мекунад, созмонҳои марбутаи байналмилалӣ сареъан як таҳқиқи мустақиллона дар ин бора гузаронанд ва ҳақиқатро ошкор созанд. Аз тасвирҳои мунташиршуда дар расонаҳо комилан пайдост, ки ин қурбониҳо тирборон шудаанд. Дар ин хусус бояд таҳқиқоти комил сурат бигирад.
Таассуф ва андӯҳи мо беш аз ҳар чизи дигар аз он аст, ки хуни тоҷик дар ин даврон бисёр беарзиш шудааст. Ҳеч миллат ва мардуме дар дунё нест, ки мисли тоҷикон ба ин сурат кушта шуда ва ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ дида ва дониста сокит биншинанд ва камтарин эътирозе ба режими ҳоким дар Душанбе накунанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Поланд
03.02.2025
Дар акс:
Тасвири ду нафар аз қурбониҳои ин ҳодисаи дилхарош:


Тасвирҳое, ки расонаҳо мунташир кардаанд:












Оставьте комментарий