Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, озодии зиндонии сиёсӣ узви Раёсати Олӣ ва узви Академияи исломии ҲНИТ, Исломиддин Файзалиро аввалан бар шахси худашон, аҳли хонадон ва дӯстону наздиконашон шодбош мегуяд.
Домуло Исломиддин шахсияти барҷастаи динӣ ва аз зумраи донишмандони улуми исломӣ ва руҳонияти кишварамон маҳсуб буда дар гузашта дар ҲНИТ ба фаъолиятҳои сиёсӣ низ машғул буданд. Ӯро дар соли 2020 ба далилҳои номаълум дар додгоҳи пушти дарҳои баста ба панҷуним сол маҳрум аз озодӣ намуданд.
Додгоҳи олии режими Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар соли 2015 мамнуъ эълон карда садҳо тан аз роҳбарон, аъзоёну пайравонашро маҳкум ба ҳабс намуда теъдодеро ба қатл расонда ва садҳои дигарро маҷбур ба тарки Тоҷикистон намуданд.
Аз соли 2015 инҷониб режими Тоҷикистон саркӯби сар то сарии аҳзобу афроду ашхоси дигарандешро пеш гирифта ба хотири бақоӣ режими заҳҳоконаи хеш аз ҳеч зулму ситам, қатлу ғорат, ҳабсҳои тӯлонӣ ва абад ва шиканҷаи дигарандешон, донишмандону мутафаккирон, шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарзангиву ҷамъиятӣ намегузарад.
КШНГЗС бори дигар озодии Домулоро табрик гуфта барояшон сиҳатӣ, саломатӣ ва тӯли умри пурбаракотро орзу менамояд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ
Варшава
05.02.2025





Оставьте комментарий