Аз ин пирамарди 85-сола, падари ду кушташудаи зиндони Ваҳдат хабаре нест

Сафармад Ҳасанов, пирамарди 85-сола, падари ду кушташудаи зиндони Ваҳдат, субҳи имрӯз аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Шамсуддин Шоҳин ҳамроҳ бо шуморе аз занону кӯдакони онҳо бурда шуд ва то ҳанӯз ҳеч хабаре аз онҳо нест.

Наздикони Сомон ва Сӯҳроб Ҳасановҳо, ду кушташудаи зиндони Ваҳдат, ба КШНГЗС хабар доданд, ки милисаи ноҳияи Шамсуддин Шоҳин (Шӯрободи собиқ) Сафармад Ҳасанови 85-сола, падари Сомон ва Сӯҳроб Ҳасановҳоро, ки дар ҳодисаи ахири зиндони Ваҳдат ба қатл расонда шудаанд, ҳамроҳ бо шуморе аз занон ва кӯдакон бурданд ва ҳанӯз ҳеч хабаре аз ин пирамард ва ҳамроҳонаш вуҷуд надорад.

Гуфтанист, Сомон ва Сӯҳроб Ҳасановҳо, сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ду бародари кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.

Наздикони онҳо гуфтанд, ки ҷасади онҳоро надидаанд.

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑