Ба:
• Вазорати корҳои дохилии Туркия
• Созмони Милали Муттаҳид (СММ) – Комиссариати Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR)
• Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)
• Иттиҳоди Аврупо (ИА) – Кумитаи ҳуқуқи инсон
• Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Freedom House
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, то монеъи истирдоди Фируз Бобоев ба Тоҷикистон шавед!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ба маълумоти шумо мерасонад, ки Фируз Бобоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва узви фаъоли ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия боздошт шудааст ва эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Фируз Бобоев аз соли 2016 дар Туркия ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ мекунад ва аз соли 2018 дар Комиссариати Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) таҳти рақами 414-18C23784 сабти ном шудааст. Ӯ ҳамчунин иқомати муваққатии Туркияро дорад.
Бобоев фаъолияти сиёсии худро дар доираи ҳаракати “Гурӯҳи-24” оғоз намуда, борҳо режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонро барои поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танқид кардааст.
Санаи 03.08.2024, бо дархости мақомоти Тоҷикистон, ӯ аз ҷониби пулиси Туркия дастгир шуд ва то 10.10.2024 дар маркази истирдоди шаҳри Чанаккале нигоҳ дошта мешуд. Бо талоши вакили дифоъаш ҳукми истирдоди ӯ барои 266 рӯз мутаваққиф гардид.
Аммо, санаи 23.01.2025, ӯ боз дубора дастгир карда шуд ва ҳоло дар маркази истирдод қарор дорад.
Вакили дифоаш талош дорад, ки ҳукми истирдодро бекор намояд, аммо бо вуҷуди дар Комиссариати Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) сабти ном буданаш, мақомоти Туркия инро нодида гирифта барои ӯ хатари ҷиддии истирдод эҷод кардаанд.
Мо таъкид мекунем, ки истирдоди Фируз Бобоев ба Тоҷикистон баробар ба ҳукми қатл буда, ҳадди ақал ба ӯ маҳкумияти тӯлонӣ бе риояи қонунҳои мурофиавӣ таҳдид мекунад. Шиканҷаву фишор дар зиндонҳои режими Раҳмон кори маъмулӣ гаштааст.
Таъкид мекунем, ки соле пеш роҳбари Ҳаракати Сиёсии “Гуруҳи 24” Свҳроби Зафар ва намояндаи ин Ҳаракат дар кишвари Туркия Насимҷон Шарифов аз Туркия нопадид гашта баъди чанд моҳ дар зиндонҳои режими Эмомалӣ Раҳмон пайдо гаштанд. Мақомоти Туркия дар ғайб задани фаъолони сиёсӣ ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон ҳатман, ки мусоидат кардааст, набошад чигуна онҳо рабуда шудаанд? Бо кадом роҳ онҳоро ба Тоҷикистон бурдаанд? Кадом додгоҳ ҳукми истихроҷ ё истирдодашонро бароварда аст?
Инчунин, бори дигар ёдрас мекунем, ки соли 2015 Умаралӣ Қувватов, поягӯзори ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, дар Истанбул пеши чашми ҳамсар ва фарзандонаш кушта шуда буд.
Насимҷон Шарипов, намояндаи “Гурӯҳи-24” дар Туркия, ғайб зад ва баъдтар маълум гардид, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Ӯ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Сухроб Зафар, роҳбари “Гурӯҳи-24”-ро, низ баъди 6 моҳи ғайб заданаш аз Туркия дар зиндонҳои Тоҷикистон пайдо гашт ва ӯро ба муҳлати 30 сол зиндонӣ карданд.
Ба Фируз Бобоев низ хатари ҷиддии истирдод ва таъқиби шадид ва хатари ҷон таҳдид мекунад!
Бо дарназардошти фактҳои дар боло овардашуда мо аз ҷомеаи байналмилалӣ ва мақомоти Туркия ва созмонҳои байналмилалӣ хоҳиш мекунем:
- Мақоми паноҳандагии Фируз Бобоев дар Туркия барқарор карда шуда, истирдодаш пешгирӣ карда шавад.
2. Риояи ӯҳдадориҳои байналмилалии Туркия тибқи Конвенсияи СММ оид ба паноҳандагон ва манъи истирдоди шахсоне, ки ба онҳо хатари таъқиб ва шиканҷа таҳдид мекунад.
3. Баррасии мунсифонаи парвандаи Бобоев Фируз тибқи қавонини байналмилалӣ, бо иштироки намояндагони СММ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва намояндагони ВАО.
4. Фишор ба ҳукумати Тоҷикистон барои қатъи таъқиб ва рпбудани мухолифонаш аз хориҷи кишвар.
Мо итминон дорем, ки бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба чунин қонуншиканиҳо боиси афзоиши таъқиби мухолифон ва поймолкунии ҳуқуқҳои башар дар минтақа мегардад.
Фируз Бобоев паноҳандаи расмии СММ аст ва ҳар гуна истирдоди ӯ ба Тоҷикистон нақзи возеҳи қонунҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба обрӯи ин ниҳоди муҳими байналмиллалӣ латмаи бузург ворид хоҳад кард.
Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматҳои демократӣ даъват мекунем, ки барои манъи истирдоди Фирӯз Бобонв чораҳои фаврӣ андешанд.
Мо умедворем, ки мамлакати Туркия, ки худро ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои демократӣ мешуморад, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро риоя намуда, намегузорад, ки як паноҳандаи сиёсӣ ба дасти мошинаи таъқиб ва шиканҷаи диктатураи худкома дода шавад.
Ба мақомоти кишвари Туркия ҳушдор медиҳем, ки худро дар ҷиноятҳои режими диктотурии Раҳмон шарик насозанд!
Бо эҳтиром, Кумитаи Шаҳрвандии Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
09.02.2025 Варшава





Оставьте комментарий