Изҳороти КШНГЗС дар бораи боздошти беш аз 20 нафар ҷавони язгуломӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба унвони як ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи башар бахусус ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ, бо ибрози нигаронии шадид аз боздошти ғайриқонунии беш аз 20 нафар аз сокинони маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ки бештар аз ҷамоати Язгулом ҳастанд, ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки даст аз поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон бардоранд ва таъкид мекунад, ки ин иқдом ғайриқонунӣ буда ва хилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон мебошад.

Тибқи ахбори расида ба КШНГЗС, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт, беш аз 20 нафар аз ҷавонони маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ки аксари онҳо аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон мебошанд, боздошт кардаанд.

Ба гузориши расонаҳо, мақомоти расмӣ дар ин бора хабар надодаанд. “Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март гуфт, ки чунин маълумоте ба ӯ нарасидааст.”

Бар пояи ин гузориш, “пайвандони баъзе аз боздоштшудаҳо бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, бо гузашти се рӯз аз аҳволи онҳо хабар надоранд.”

КШНГЗС ин иқдоми ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистонро комилан ғайриқонунӣ медонад. Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик ва раиси Бунёди Бузургмеҳр Ёров, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи КШНГЗС (Зиндониён), бо баёни ин ки “вақте шахсро бе огоҳиномаи расмӣ, бе даъватнома боздошт мекунанд ва ҷойи будубоши ӯ барои наздикон ва пайвандонаш номаълум мемонад, ин вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад”, ин боздоштҳоро хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2016 № 1306 донист.

Вай афзуд: “Агар ин талабот риоя нашаванд, боздошт ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Агар шахс пас аз боздошт нопадид гардад ва мақомот аз пешниҳоди иттилоот дар бораи тақдири ӯ худдорӣ кунанд, ин метавонад ҳамчун нопадидшавии маҷбурӣ ҳисобида карда шавад. Ин яке аз ҷиддитарин вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон мебошад, ки махсусан давлатҳои режими диктатори дошта дар ба он мезананд.”

Ба илова, тибқи банди 2-и моддаи 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ҳеч кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.”

Ва ин дар ҳолест, ки на танҳо пайвандон ва наздикони ҷавонони дастгиршуда сабаби боздошти онҳоро намедонанд, балки ҳатто сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмадзода низ ба гуфтаи худаш, ҳеч “маълумоте ба ӯ нарасидааст”.

Ва аз ҳама муҳим, ин бори аввал нест, ки ҷавононе аз минтақаи Язгуломи Тоҷикистон, ба сурати гурӯҳи боздошт мешаванд, ки ин иқдом низ комилан амали ғайриқонунӣ аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумурда мешавад, зеро тибқи банди 1-и моддаи 7-и қонуни мазкур (Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ):

Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.”

Ба гузориши Радиои Озодӣ, дар моҳи майи соли 2024, 27 нафар ҷавон дар ҷамоати Язгулом боздошт шуданд ва ҳеч хабаре аз онҳо набуд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар моҳи август иттилоъро тасдиқ кард.

КШНГЗС ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки даст аз поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон бардоранд ва таъкид мекунад, ки ин иқдом ғайриқонунӣ буда ва хилофи қонунҳои Тоҷикистон мебошад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Поланд

14 марти 2025

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑