Дар пайи боздошти беш аз 20 нафар аз ҷавонони маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ки бештар аз ҷамоати Язгулом ҳастанд, сайти “Зиндониён” бо Ҷамшед Ёров, ҳуқушиноси тоҷик ва раиси Бунёди Бузургмеҳр Ёров, сӯҳбат ороста ва назари ӯро дар ин хусус ҷӯё шуд.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик, бо баёни ин ки “вақте шахсро бе огоҳиномаи расмӣ, бе даъватнома боздошт мекунанд ва ҷойи будубоши ӯ барои наздикон ва пайвандонаш номаълум мемонад, ин вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад” гуфт: “Дар мисоли боздошти беш аз 20 нафар дар Душанбе, мо инро баръало мебинем. Мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории аксари кишварҳо, аз он ҷумла худи Тоҷикистон, ҳар як ҳолати боздошт бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
— огоҳӣ додан дар бораи сабабҳои боздошт;
— дастрасӣ ба вакили мудофеъ яъне адвокат;
— хабар додан ба хешовандон дар бораи ҷойи будубоши боздоштшуда.”
Ҷамшед Ёров афзуд: “Моддаи 94 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тартиби дастгир намудани гумонбаршударо муайян кардааст, ба ин тартиб:
1) Ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ, ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд;
2) Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркунӣ тартиб медиҳанд. Ҳангоми тартиб додани протоколи мазкур, ба гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ, ки бо моддаи 46 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунӣ сабт карда мешавад. Дар протоколи дастгиркунӣ маълумотҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
— сана, ҷой ва вақти тартиб додани протокол, рақами тартибии он;
— насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони дигар, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд;
— дар сурати иштирок кардани шахсони холис, тарҷумон ва дигар шахсон дар амалиёти дастгиркунӣ насаб, ном, номи падар, суроға ва дигар маълумотҳое, ки шахсияти онҳоро муайян мекунанд;
— асос ва ваҷҳҳои дастгир намудан, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ, ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани шахс (бо зикри сана, соату дақиқа);
— маълумот дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқҳои гумонбаршуда, холисон ва шахсони дигар, ки дар амалиёт иштирок мекунанд;
— натиҷаҳои кофтукови шахсии дастгиршуда;
— сана ва вақти дастгиркунии шахс ва аз ҷои нигоҳдории ӯ хабардор кардани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики шахси дастгиршуда, тарзи хабардоркунӣ (аз ҷониби кӣ ва ба кадом восита хабар расонида шудааст, агар хабари телефонӣ бошад, рақами телефон нишон дода мешавад, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор карда шудааст.
3) Протоколи дастгиркунӣ ба дастгиршуда эълон карда шуда, аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад;
4) Ҳангоми ҷойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ барои муайян намудани вазъи умумии саломатӣ ва ё мавҷуд будани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ аз ҷониби корманди тиб муоинаи тиббии ӯ гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиббиро табиби мустақил ё коршиноси судӣ-тиббӣ гузаронад. Хулосаи муоинаи тиббӣ ба протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад;
5) Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ, тартаб додани протоколи дастгиркунӣ ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад.
6) Дар бораи дастгир намудани гумонбаршуда мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ӯҳдадоранд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.”
— Мебахшед, ин маворид, ки фармудед, оё тибқи қонунҳои Тоҷикистон аст?
— Бале, сад дар сад. Аниқтараш, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2016 № 1306. Агар ин талабот риоя нашаванд, боздошт ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Агар шахс пас аз боздошт нопадид гардад ва мақомот аз пешниҳоди иттилоот дар бораи тақдири ӯ худдорӣ кунанд, ин метавонад ҳамчун нопадидшавии маҷбурӣ ҳисобида карда шавад. Ин яке аз ҷиддитарин вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон мебошад, ки махсусан давлатҳои режими диктатори дошта дар ба он мезананд.
— Ташаккур!
— Саломат бошед.



