Табрики зодрӯзи Зайд Саид

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди шуҷоъ ва озодандеш, Зайд Саидро бо эҳтироми амиқ ва самимият табрик мегӯяд.

Зайд Саид на танҳо як шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими хизматкардаи миллат ҳастанд, балки рамзи устуворӣ, адолатхоҳӣ ва мубориза барои ҳақиқат низ ба шумор мераванд. Ҳатто дар шароити сахттарин ҳам, руҳи шикастнопазири эшон барои ҳар як шахси озодандеши Тоҷикистон ва берун аз он, манбаи илҳом боқӣ мемонад.

Имрӯз, вақте, ки ӯ дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷойгоҳи шоистаи худро доранд, мо умедворем, ки рӯзе ҳақиқат пирӯз мешавад ва озодӣ, ки ҳамеша арзиши олӣ барои эшон буд, дубора барояшон дастрас мегардад.

Бигзор иродаи қавӣ ва имони эшон ба адолат рӯзе самара диҳад ва номи ӯ ҳамчун намунаи ҷасорат дар хотири наслҳо боқӣ бимонад.

КШНГЗС бори дигар ин рӯзи хуҷастаро бар шахси Зайд Саид ва фарзандону хонадони эшон табрик мегӯяд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

20.03.2025

Табрики зодрӯзи Зайд Саид: 1 комментарий

Добавьте свой

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑