Паёми табрикии КШНГЗС ба муносибати фарорасии иди Наврӯз

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) бо фарорасии баҳори зебо ва Наврӯзи оламафрӯз, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, бахту саодат ва комёбиҳои нав орзу менамояд.

Наврӯз рамзи эҳё ва зиндагии тоза аст. Бигзор ин баҳор ба хонаҳоятон хушбахтӣ, ба дилҳоятон муҳаббат ва ба рӯзгоратон файзу баракат оварад.

Дар ин лаҳзаҳои пурфайзи наврӯзӣ, мо зиндониҳои сиёсиро фаромӯш накардаем. Дили мо бо онҳое ҳаст, ки барои ҳақиқат, озодӣ ва адолат мубориза мебаранд ва ноодилона маҳрум аз озодӣ шудаанд.

Наврӯз рамзи эҳё ва умед аст ва мо бовар дорем, ки адолат пирӯз хоҳад шуд. Ба шумо сабр, қувват ва иродаи қавӣ хоҳонем. Аз Худои ин баҳор ва ин ҷаҳони ҳастӣ барои ҳар яки шумо оғози рӯзгори беҳтар ва сарчашмаи нури озодӣ талаб дорем.

Рӯзе хоҳад расид, ки ҳамаи тоҷикон бо дили шод ва бе тарсу андеша Наврӯзро бо ҳам ҷашн хоҳанд гирифт.

Наврӯз муборак бод!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)

21.03.2025

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑