Кам-кам ғуруби моҳи Худо дида мешавад
Сад ҳайф аз ин басот, ки барчида мешавад
Дар ин баҳори раҳмату ғуфрону мағфират
Хушбахт он кас аст, ки бахшида мешавад
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ иди саиди Фитрро бар ҳама мардум ва миллати азизи кишварамон махсусан бар азизони зиндониямон табрик арз медорад.
Худованд ин идро мояи хайру баракот, дӯстиву ваҳдату якпорчагӣ қарор дода ва тоъоту ибодатҳои так-таки мову шумо қабули даргаҳи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло воқеъ шавад иншоаллоҳ.
Ид ба маънои бозгаш аст. Мусалмонон шоду хурсанд иди Фитрро ҷашн мегиранд, на аз он сабаб, ки моҳи Рамазон ва кори вазнину хастакунандаи рӯзадорӣ гузашт, балки дар як муддати кӯтоҳи худшиносӣ ва поксозӣ тавонистанд қадамҳои бузурге ба пеш гузоранд ва худро то ҳудуди парҳезгорӣ боло баранд. Рӯзи Иди Фитр рӯзи иззат ва сарбаландист, рӯзи шарафи ҳузур да пешгоҳи Илоҳист ба ин маъно, ки рӯзадорон тавонистанд бо итоъат ва пайравӣ аз паёмбари азизамон (с.а.с) сарбаланд аз ин имтиҳон берун оянд.
Пас иди воқеъи он вақтест, ки инсон ризои Худоро ба даст биоварад ва он рӯзест, ки дар он маъсияти Худо накунад.
Худовандо Туро шукргузорем, ки моро меҳмони худ намуди ва моҳи рамазонро барои мо моҳи раҳмату мағфирату озодӣ ва худсозиву поксозӣ қарор додӣ.
КШНГЗС бори дигар ин иди саидро барои тамоми мардуми кишварамон табрик мегуяд.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндопиёни сиёсии Тоҷикистон
29.03.2025





Оставьте комментарий