Номаи сакушодаи КШНГЗС ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия бобати Маҳмурод Одинаев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар номае саркушода ба Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо ишора ба вахомати вазъи Маҳмурод Одинаев, тақозои интиқоли фаврии ӯ ба бемористон ва расидагӣ ба ҳоли ӯ шуд.

Матни номаи КШНГЗС ба тартиби зерин аст:

Ҷаноби Мансурҷон Умаров, муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тариқи ин нома ба самъу назари шумо мерасонад, бино ба гуфтаи бастагони наздики Маҳмурод Одинаев, муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, вазъи ҷисмонии Одинаев бисёр вахим шуда ва ниёз ба табобат дорад ва бо вуҷуди талаби пайвандонаш дар бораи интиқоли вай ба бемористон, аммо ҳанӯз ба дархости онҳо бетаваҷҷӯҳӣ сурат мегирад.

Ба гузориши расонаҳо ба нақл аз бастагони Одинаев, “ӯ фавран ба табобат ниёз дорад”, аммо қариб як моҳ боз касе ба додашон намерасад. Онҳо гуфтанд, ки Одинаев, “аз дарди сахти сутунмӯҳра, фишори хун ва мушкили пешобдон ранҷ мекашад. Як моҳ пеш ба диданаш рафтем. Базӯр роҳ мегашт. Аз дарди сутунмӯҳра ба пой рост истода наметавонист. Хост, ки ариза нависем, то ӯро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ кунанд. Ба Сарраёсати маҳбасҳо ба таври хатӣ муроҷиат кардем, аммо ҳанӯз посух нест.”

Ду сол пеш ҳамсари Маҳмурод Одинаев низ вазъи ӯро дар зиндон “риққатбор” номида буд.

КШНГЗС аз ин пеш номаҳое дар ин хусус ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон навишта ва хоҳиш карда буд, ки ба вазъи вахими муовини пешин ва зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон расидагӣ шавад, аммо мутаассифона нодида гирифта шуд. Ин бор низ чорае ҷуз муроҷиат ба шахси муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон надид ва умедвор аст, ин дафъа ниҳоди мазкур ба талаби мо посухи мусбат медиҳад ва Маҳмурод Одинаевро дар зудтарин фурсат ба бемористон мунтақил мекунад.

Дар ғайри ин сурат, КШНГЗС ночор аст ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва Салиби Сурхи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид нома навишта, аз онҳо дархости кӯмак дар ин хусус намояд.

Бо эҳтиром, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Поланд

10.04.2025

Номаи сакушодаи КШНГЗС ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия бобати Маҳмурод Одинаев: 1 комментарий

Добавьте свой

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑