Ба муносибати зодрӯзи устод Шокирҷон Ҳакимов

19-уми апрел зодрӯзи устод Шокирҷон Ҳакимов, зиндонии сиёсӣ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба синни 59 мерасад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба ҳамин муносибат, аз самими дил ин сиёсатмадор ва ҳуқуқдони маъруфи тоҷикро табрику таҳниат ва аз Худованд озодии ҳар чи зуди ӯ ва соири зиндониёни сиёсии тоҷикро масъалат мекунад.

Устод Шокирҷон Ҳакимов 19 апрели соли 1966 дар Конибодом ба дунё омада, 4 фарзанд дорад. Вай соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1998 то 2002 аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва аз соли 2005 то 2009 докторанти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва рисолаҳои ҳам номзадиву ҳам докториашро дар Маскав ҳимоя кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов соли 2006 дар Доншикаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сазовори унвони профессор шуда буд. Ин донишгоҳро баъдан барҳам доданд.

Вай муаллифи беш аз 90 асари илмӣ, аз ҷумла 15 монографияву китобҳои дарсӣ пиромуни улуми ҳуқуқ ва сиёсатшиносист.

Шокирҷон Ҳакимов ҳамроҳ бо шодравон Раҳматуллоҳ Зоиров аз асосгузорони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва муовини Зоиров дар ин ҳизб буд. Раҳматуллоҳ Зоиров 18 майи соли 2024 дар синни 66-солагӣ аз дунё гузашт.

Устод Шокирҷон Ҳакимов дар моҳи феврали 2024 бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ” ба 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамроҳи ӯ 8 чеҳраи маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Шикояти онҳо аз болои ҳукми додгоҳ бетағйир гузошта шуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бори дигар ин сиёсатмадор ва ҳуқудони тоҷикро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик мегӯяд ва умедвор аст, ӯ ва ҷиянаш Рухшона Ҳакимова ҳар чи худ озод бишаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

19 апрели 2025

Варшава, Поланд

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑