Ба муносибати зодрӯзи бону Улфатхоним Мамадшоева

18 апрел (дирӯз) зодрӯзи бону Улфатхоним Мамадшоева буд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики он бону ба зодрӯзаш, умедвор аст ҳар чи зуд Улфатхоним озод бишавад.

Улфатхоним Мамадшоева шахсияти маъруф дар Тоҷикистон аст. Ӯ назди нухбагони тоҷик бахусус дар назди рӯзноманигорон ва ҳунармандон, чеҳраи шинохтае аст. Вай 18 апрели соли 1957 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст. Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва дар зодгоҳи худ, Хоруғ, маркази ВМКБ низ тараддуд дошт. Ӯ 3 фарзанд ва 4 набера дорад.

Улфатхоним Мамадшоева фориғуттаҳсили факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1974 аст.

Пас аз боздошти ӯ, рӯзноманигор Елизавета Пестова мақолае нисбатан муфассал дар бораи ин бону, ки дар сайти Mediazona мунташир шудааст навишта ва муаррифиаш кардааст. Навиштаи ин рӯзноманигор, беҳтарин муаррифинома аз Улфатхоним Мамадшоева аст.

Ҳол, пораҳое аз ин нигошта меоварем. Вай менависад:

Дар 18 май (-и соли 2022), кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар аз ВМКБ, Улфатхоним Мамадшоеваро ба иттиҳоми созмондеҳии нооромиҳои ахир дар ВМКБ, ки мақомот “террористӣ”-аш мехонанд боздошт карданд. Нооромиҳое, ки дар пайи он, ҳадди ақал 20 бадахшонӣ кушта шуданд. Мақомот иддао доранд, ки Мамадшоеваи 65-сола аланан хостори кудато (табаддулот) шудааст.

“Бонуе, ки ҳамеша порчаи сафед баланд кардааст”

Дар соли 1979 студияи “Тоҷикфилм” филми се қисматии “Нисо: аввалин субҳи ҷавонӣ”, ки бар асоси романи рӯзноманигор ва нависандаи замони Шӯравӣ, Павел Лукнитский сохта шудааст, пахш кард.

Бахши аввали ин филм, бо намое аз қуллаҳои пӯшида аз барфи Помир оғоз мешавад. Дар саҳна, зане бо либосҳои кушоди хокистарӣ ва бар сар рӯймол, дар як роҳи санглох қадам мезанад ва духтараке аз паси вай давида меояд. Зан ногоҳ меистад ва мегӯяд: “Ҳамин аст духтарам, бас аст маро гусел кардан, дав пеши холаат рав! Бо ӯ бимон! Хуб аст духтарам? Ман ба зудӣ хоҳам омад.”

Нақши ин занро бонуи зодаи Бадахшон, Улфатхоним Мамадшоева бозӣ кардааст.

Дӯсти Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигори аҳли шаҳри Душанбе, Темур Варқӣ мегӯяд, Улфатхонимро аз аввалҳои даҳаи 90-ум (-и қарни пешин) мешиносад. Онҳо дар августи соли 1991 дар яке аз тазоҳурот барои истеъфои ҳукумати вақти Тоҷикистон, ки ҳомии ГКЧП буд, ошно шуда буданд. Ин тазоҳурот тақрибан то миёнаҳои сентябри ҳамон сол идома дошт ва бо истеъфои аввалин ва охирин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳҳор Махкамов ба поён расид. Ситоди тазоҳурот як маркази матбуотӣ дошт, ки Варқӣ ҳамонҷо бо Мамадшоева ошно шудааст.

Дар тирамоҳи соли 1991, Улфатхоним дар ситоди интихоботии Давлат Худойназаров, коргардони ҳамон филме, ки Мамадшоева дар он бозӣ кардааст, фаъолият мекард. Худойназаров дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бо шикаст рӯ ба рӯ ва дар моҳи майи соли 1992 ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Варқӣ мегӯяд, то соли 1997 Мамадшоева бо як радио дар Хоруғ ҳамкорӣ мекард ва сухангӯи ҷомеаи худмудофиаи Бадахшон буд. Ба гуфтаи Варқӣ, “Улфатхоним дар замони ҷанг, таниш байни ҷомеаи худмудофиаи Бадахшон ва марзбононро ҳал мекард.”

Расман гуфта мешавад, ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома дошт, аммо хусуматҳо қабл аз он ва баъди он низ вуҷуд доштанд.

Дар як тарафи ҷанг “Фронти халқӣ” ҳузур дошт, ки муташаккил аз намояндагони ҳукумат ва сиёсатмадороне буд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои олӣ ҳимоят мекарданд. Ва дар тарафи дигари он, нерӯҳои опозитсияи тоҷик буданд, ки аз ҷумла шомили Ҳизб наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ, Ҷунбиши Растохез ва Ҳаракати “Лаъли Бадахшон” буд.

Созишномаи истиқрори сулҳ дар 27 июни соли 1997 дар Маскав имзо шуд. Бар асоси омори расмии ҳукумати Тоҷикистон, беш аз 60 ҳазор нафар дар тӯли 5 соли ҷанг ҷони худро аз даст доданд.

Варқӣ мегӯяд: “Ин солҳои бисёр сахти муҳосираи Бадахшон аз сӯи режими Раҳмон буд. Дар Бадахшон қаҳтӣ шуд. Танҳо артерияи ҳаёт аз Ӯши Қирғизистон мегузашт. Кӯмакҳои башардӯстонаи Бунёд Оқохон мисли орду шакар, аз онҷо меомад.”

Баъд аз оштӣ ва поёни ҷанги дохилӣ, Мамадшоева “дар чаҳорчӯбаи идғоми нерӯҳои опозитсия дар сохторҳои давлатӣ”, шурӯъ ба хидмат дар нерӯҳои марзбонӣ намуд. Чанд сол баъд, Мамадшоева як духтар аз Холбаш Холбашев ба дунё овард ва бознишаста шуд. Ба гуфтаи Варқӣ, падари ин духтар, ки аз нерӯҳои отряди худмудофиаи Бадахшон буд, Эмомалӣ Раҳмонро аз як сӯиқасд дар даҳаи 1990 наҷот додааст.

Пас аз истеъфо, Мамадшоева ба кори рӯзноманигорӣ бозгашт. Варқӣ идома медиҳад, ки ӯ дар нашрияҳои “Азия-Плюс” ва “Аргументҳои ҳафта” (“Аргументы недели”) кор ва бо “Фарғона” (“Фергана”) ҳамкорӣ мекард.

Варқӣ Мамадшоеваро зане “боҳуш, нарм, боотифа ва бисёр таҳаммулпазир” тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд: “Улфатхоним ба ҳадде инсони меҳрубон, нарм ва таҳаммулпазир аст, ки ҳатто дар сахттарин рӯзҳо ва дақоиқи ҷанги 1992-1997 аз ӯ ҳеч калимаи нописанде дар бораи аҳаде ва ҳатто дар мавриди афроди вобаста ба ҳукумат шунида нашудааст. Улфатхоним табиатан одами сулҳҷӯст. Ӯ занест, ки ҳамеша порчаи сафед байни тарафайни даргир баланд мекунад ва тарафайн таслими хостаҳои ӯ мешаванд. Ба ҳамин далел, ӯ на танҳо дар ҷомеаи Бадахшон, балки дар кулли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди эҳтиром ва муҳаббат аст.”

Дар соли 2014, Мамадшоева дар мулоқот бо мақомот дар Душанбе, дар рӯйхати музокиракунандагон аз сӯи помириҳо қарор дошт. Дар он замон, як тирандозӣ дар Хоруғ рух дод, ки дар пайи он, чаҳор нафар кушта шуданд ва дар шаҳр нооромӣ оғоз шуд. Дар миёни кушташудаҳо, ба сурати иттифоқӣ як раҳгузар вуҷуд дошт. Бадахшониҳо бинои милисаро ба оташ кашиданд. Мақомоти Тоҷикистон иддао карданд, ки тирандозӣ дар ҷараёни як амалиёт алайҳи қочоқчиёни маводди мухаддир оғоз шуд. Мӯътаризон хостори таҳқиқ дар бораи ин рӯйдодҳо шуданд.

Ҳамон тавр, ки “Азия-Плюс” навишта буд, Ҳизби сотсиал-демократ дар соли 2015 Мамадшоеваро ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ муаррифӣ кард. Ин ҳизб дар ниҳоят аз 5 дарсад оро убур накард.

Варқӣ тавзеҳ медиҳад: “Улфат дар солҳои ахир, созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башари “Номус ва инсоф”-ро роҳбарӣ мекард, ки худаш таъсис кардааст. Ӯ бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ, тарбия ва омӯзиши кӯдакон ва масоили ҳуқуқи зан диққат медод. Дар ҷомеаи мо инҳо осебпазиртарини бахшҳо ҳастанд.”

Ҳама чиз дар як шаб иттифоқ афтод

Дар 14 майи соли 2022, додгоҳе дар Душанбе ҳукми муборизи маъруфи ММА аз Помир, Чоршанбе Чоршанбиевро дар парвандаи даъват ба кудато (табаддулот) дар Тоҷикистон эълон кард, ӯро барои муддати 8-уним сол ба зиндон маҳкум кард. Билофосила пас аз он, нооромӣ дар ВМКБ шурӯъ шуд. Ба гузориши расонаҳо, аз 200 то 1000 нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ ба хиёбонҳо рехтанд.

Онҳо хоҳони истеъфои Алишер Мирзонабот, раиси вилоят ва ҳамчунин Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ ва низ бардоштани ҳамаи блогпостҳо ва поён додан ба озору шиканҷаи сокинони Бадахшон ба далоили сиёсӣ, шуданд. Онҳо бавежа хостори озодии Чоршанбиев, Амриддин Аловатшоев ва дигар ҳамватанони боздоштшуда шуданд.

Мақомоти кишвар ба шиддат вокуниш нишон доданд ва помириҳоро бо гози ашковар ва гулӯлаҳои резинӣ пароканда карданд. Ин минтақа дубора аз ҷаҳон мунзавӣ шуд, алоқаи мобилӣ ва интернет аз байн рафтанд.

Дар 17 май, дафтари Додситонии ВМКБ баёнияе содир кард, ки дар он, Улфатхоним Мамадшоеваро ба унвони созмондиҳандаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ном бурданд ва гуфтанд, ки як парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ боз кардаанд. Ба гузориши ин ниҳод, шомгоҳи 16 май, раҳбари маҳаллӣ, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров тазоҳуроти ғайриқонуниеро дар Хоруғ ба дастури Мамадшоева ва Алим Шерзамонов — яке аз чеҳраҳои маъруфи опозитсияи тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, баргузор кардааст, то рӯи мақомот барои “тасмимгирӣ ба нафъи афроде, ки дар фаъолиятҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд” таъсир гузорад.

Улфатхоним Мамадшоева пас аз ин иттҳоми Додситонии кулл, ба нашрияи “Фарғона” тавзеҳ дод, ки “ман ахиран дар Помир будам, аммо беш аз як ҳафта дар онҷо набудам ва ба Душанбе баргаштам ва ҳатто тасаввурашро ҳам намекардам, ки дар онҷо иттифоқе меафтад. Баръакс, вақте онҷо будам, мутаваҷҷеҳи коҳиши фаъолиятҳои маданӣ шуда будам. Ва сипас якшаба ҳама чиз якдафъа ранг пайдо кард. Ман фикр мекунам, ки ин иттифоқ пас аз ҳукми ноодилонаи Чоршанбе Чоршанбиев рух дод.”

Дар ҳамон рӯз, яъне дар 17 май, хабарнигорони “Радиои Озодӣ” ва “Настоящая время” ба хонаи Мамадшоева дар Душанбе омаданд, то бо ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ сӯҳбат кунанд. Ба гуфтаи “Радиои Озодӣ”, пас аз мусоҳиба, хабарнигорон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд ва тамоми васоил ва гӯшиҳои телефони ҳамроҳро бо худ бурданд. Яке аз коркунони ин расона мавриди зарбу шатм қарор гирифт ва ҳамлагар рӯзноманигорро таҳдид ба “паррондан” кард.

Дар 18 май, Вазорат корҳои дохилаи Тоҷикистон як “амалиёти зидди террористӣ”-ро алайҳи ба қавли онҳо, “аъзоёни як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ”-и тазоҳуркунандагон дар ВМКБ оғоз кард.

“Вақте қонуни ҷалб вориди бозӣ мешавад”

Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола билофосила пас аз шурӯъи “амалиёт” боздошт шуд. Ба гуфтаи бародараш, рӯзноманигор Марат Мамадшоев, ҳудуди соати 8 субҳ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва дафтари Додситонии кулл ин фаъоли ҳуқуқи башариро аз хонааш бурданд. Ӯ гуфт, раиси КДАМ, Саймӯмин Ятимов, мехост бо Мамадшоева сӯҳбат кунад. Хабарнигори Озодӣ гуфт: “Баъд, дар манзили писар ва духтари Улфатхоним кофтуков гузаронда шуд. Улфатхоним гуфт, ки ба суолҳои муфаттишон танҳо дар ҳузури адвокат посух медиҳад.”

Чанд рӯз баъд, дар 20 май, маълум шуд, ки нерӯҳои амниятӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба даъвати оммавӣ барои тағйири хушунатомези сохти конститутсионии Тоҷикистон муттаҳам мекунанд; ҳамон моддаи ҷиноие, ки Чоршанбе Чоршанбиевро ба он муттаҳам кардаанд.

Ба гузориши “Медиазона”, ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ аз рӯзи боздошт, эҳтимолан ҳангоми бозпурсӣ ва амалиёти тафтишотӣ, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳ дошта мешавад. Сабаби сар задани парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай маҳз чӣ буд, маълум нест. Вакили дифоъи Мамадшоева бо истинод ба созишномаи ифшо накардан, ба “Радиои Озодӣ” аз додани тавзеҳот дар ин хусус худдорӣ кард.

Барои “Медиазона” муяссар нашуд, ки дар Фейсбуки Мамадшоева сабтҳое пайдо кунад, ки ин бону ба табаддулоти давлатӣ даъват карда бошад. Паёми охирини оммавии ӯ як иқтибос аз як хайрхоҳи омрикоӣ, Эндрю Карнегӣ аст, ки гуфтааст: “Вақте ки шумо воқеан чизе мехоҳед, қонуни ҷалб ба кор меояд.”

Паёмҳои қаблии вай марбут ба ҷустуҷӯи кӯдакони гумшуда аст, ҳамчунин иқтибосҳо ва аксҳои дигар аз наздикони Мамадшоева низ дар сафҳаи корбарии ӯ гузошта шуда. Масалан, Улфатхоним Мамадшоева дар таърихи 16 апрель дар бораи дугонааш чунин навишта буд: “Серёжа Матрохин, дӯст ва рафиқи мост. Ёдам меояд, ки дар шом афсарони марзбонӣ дар Кумитаи радио буданд ва баъд аз шаб ҳама бо ҳам — афсарони марзбонӣ ва хабарнигорони Радио ва телевизион, дар хиёбонҳои Хоруғ қадам задем ва сурудем, ки: “Фақат як лаҳза ҳаст!.. “ Замонҳои фаромӯшнашуданӣ.”

Гуфтанист, Додгоҳи олии Тоҷикистон бону Улфатхоним Мамадшоеваро бар асоси 8 банди қонун, аз ҷумла “даъвати оммавӣ ба сарнагунии сохти конститутсинонӣ” муттаҳам ва ба 21-соли зиндон маҳкум кард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷҷикистон (КШНГЗС) бори дигар ин бонуи озодаро ба муносибати зодрӯзаш табрик ва аз даргоҳи илоҳӣ озодиашро таманно мекунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷҷикистон (КШНГЗС)

19.04.2025

Варшава, Поланд

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑