Зодрӯз муборак!

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (ҳоло марбут ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ба дунё омадааст.

Соли 1990 мактаби миёна ва соли 1997 бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳамчунин хатмкардаи Донишгоҳи Фирдавсии Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон, Академияи дипломатии назди Вазорати умури хориҷаи Русия (соли 2009), аспирантураи Академияи хидмати давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия (соли 2013) мебошад.

Аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ “Маркази тоҷикон” дар Русияро роҳбарӣ мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро ба баҳс мегирифт.

19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе 6 июни соли 2022 дар як мурофиаи дигар Иззат Амонро боз ҳам дар қаллобӣ гунаҳкор шинохт ва ба ҳукми ӯ боз 6 соли дигар афзуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин озодаро ба муносибати зодрӯзаш табрик ва озодии ҳар чи зуди ӯро аз Худо масъалат мекунад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

20.04.2025

Варшава, Поланд

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑