Имрӯз, 22 апрел, зодрӯзи марде аст, ки бо ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба миллаташ ном баровард. Шумо на танҳо як генерал, балки як шахсияти мардумӣ ва рамзи озодӣ будед шахсе, ки дар муқобили зулм ва бедодгарӣ бо сарбаландӣ истод.
Мутаассифона, режими золими Раҳмон натавонист ҷасорати шуморо таҳаммул кунад ва дар соли 2022 Шуморо бидуни ҳеҷ гуноҳе ба ҳабси абад маҳкум кард. Аммо таърих ҳаргиз қаҳрамононро фаромӯш намекунад. Номи Шумо бо ҳарфи заррин дар дилу ёди мардум боқӣ хоҳад монд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо итминон изҳор медорад, ки парвандаи Шумо сирф сиёсӣ ва комилан беадолатона буд. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки барои ин ҷинояти нангин ҳама масъулон ҷавоб хоҳанд дод.
Зодрӯзатон муборак, марди майдони миллат!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
23.04.2025
Варшава, Поланд




Оставить комментарий