Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ дар Тоҷикистон, устод Ҳикматулло Сайфуллозодаро ба шахси худашон ва ҳама аҳли хонадонашон табрик арз медорад.
Устод имрӯз 75-сола шуданд ва 10 соли ахири ҳаёти худро ба хотири имон ба Худо, садоқат ба ватан ва хидмат ба мардум ва бо иттиҳомоти сохтаву бофтаи мақомот пушти панҷараҳои зиндон дар муҳити барои як пирамарди 75-сола бисёр сахту тоқатфарсои зиндонҳои ҳукумати золиму худкомаи Тоҷикистон гузаронида истодаанд.
Устод Ҳикматулло Сайфуллозода яке аз роҳбарони зиндонии ҲНИТ, сухангӯи ҳизб, узви Раёсати олӣ, Шӯрои сиёсӣ ва сардабири ҳафтаномаи ҲНИТ буд. Ӯро дар доираи ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо теъдоди зиёде аз аъзоёни баландпояи ин ҳизб боздошт ва ба мудати 16 сол зиндон маҳкум намуданд.
Ӯ бо интиқодоти шадид ва созандаи худ нисбати амалкардҳои мақомоти ҳукуматӣ ва наздикони онҳо низ дар рӯзномаҳову хабаргузориҳо ва нишасту конфронсҳо бо матлабҳо ва изҳори назарҳои худ маъруф буд.
Дар пайи бад шудани вазъи саломатияшон дар зиндон ӯро дар соли 2021 тақрибан дар ҳамин рӯзҳо ҷарроҳии қалб анҷом медиҳанд.
КШНГЗС бори дигар зодрӯзи ин марди сиёсат ва дироятро табрик гуфта барояшон саломатӣ ва озодии ҳар чи зудтарро талаб менамояд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
01.05.2025




Оставить комментарий