Имрӯз, 3 май, зодрӯзи Маҳмадрӯзӣ Искандаров аст — фарзанди шуҷоъ ва содиқи Тоҷикистон, ки солиёни тӯлонӣ дар масири адолат, озодӣ ва саодати мардум бо тамоми ҳастӣ хизмат кард.
Мутаассифона, имрӯз ӯ зодрӯзашро пушти панҷараҳо таҷлил мекунад. Ҳабс ва мӯҳлати зиндони ӯ на танҳо беадолатӣ, балки ҷазои сиёсӣ бар як шахсияти миллӣ аст, ки гуноҳаш танҳо дар он буд, ки миллати худро дӯст медошт, садои халқро ба гӯши баланд мегузаронд ва барои зиндагии шоистаи мардум мубориза мебурд.
Мо аз номи ҳамаи онҳое, ки ба ҳақиқат, озодӣ ва қадри инсон бовар доранд, ҷаноби Искандаровро бо рӯзи мавлудаш самимона табрик мегӯем. Ба ӯ сиҳатии комил, нерӯи рӯҳӣ ва сабру истодагарӣ орзӯ мекунем.
Зулму беадолатӣ абадӣ нест. Ҳақ бар ботил пирӯз мешавад, ва рӯзе хоҳад расид, ки мардони озодае чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров дубора миёни мардум хоҳанд буд, сарбаланд, озод ва бо қадр.
Ин рӯз, ки ба зодрӯзи ӯ рост меояд, барои мо на танҳо рӯзи ёдоварӣ аз шахсияти ӯст, балки рӯзи таҷдиди аҳдест, ки мубориза барои озодӣ, барои ҳақиқати таърих ва барои адолати ҷомеа бояд идома ёбад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
03.05.2025




Оставьте комментарий