Раиси КШНГЗС: “Дар қазияи Тоҷикистон бетафовут набошед”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), имрӯз (сешанбе) дар ҳамоише дар шаҳри Вилнюси Литва дар бораи ҳуқуқи башар, бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир ҳазорон нафар дар Тоҷикистон фақат ба далели сиёсӣ дар зиндонҳо ба сар мебаранд, аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон хостори мавзеъгирии қотеъи онҳо шуд ва гуфт: “Бори дигар эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар қазияи Тоҷикистон бетафовут набошед ва ба ҳар тариқе, ки бошад, бар режими Тоҷикистон фишор биёваред, ки даст аз шиканҷа, зиндон карданҳо ва қатлу куштори фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва занону модарони бегуноҳ бардорад.”

Машрӯҳи суханони Абдусаттор Бобоев ба шарҳи зерин аст:

Хонумон ва ҷанобон!

Ҳамон тавре, ки гуфтанд, ман Бобоев Абдусаттор ҳастам, роҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.

Ташакур мекунам аз модератор ҷиҳати ин фурсате, ки барои ман ҷудо карданд, то чанд дақиқа хидмати азизон бошам.

Сухан дар бораи мусибатҳо ва фоҷеаҳо, ки дар кишвари азизамон, Тоҷикистон дар ҳоли рӯй додан аст, бисёр зиёд аст ва наметавон дар ин чанд дақиқаи маҳдуд, ки бароям ҷудо шуда, ҳамаро баён кунам, фақат иҷоза диҳед ишоравор муҳимтарини онҳоро ёдовар шавам.

Имрӯзҳо садҳо нафар фаъолон аз ҷунбишҳои сиёсии мухолифи тоҷик — аз ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва дигар созмону ҳаракатҳо — ва фаъолони мустақил, фақат ба хотири фаъолиятҳои сиёсиашон бар зидди режими худкомаи Тоҷикистон боздошт ва шиканҷа ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, ки теъдоди зиндониёни сиёсӣ аз 1000 нафар ҳам гузаштааст.

Даҳҳо нафар рӯзноманигор аз ҷумла Муҳаммади Султон, Ҳикматуло Сайфулозода, Абдуқаҳҳори Давлат, Далери Эмомалӣ, Зубайдулло Розиқ — пирамарди 82-сола, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Аминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Аҳмади Иброҳим, Хушом Ғулом, Хуршеди Фозил, Рухшона Ҳакимова, ки ду фарзанди ноболиғ дорад, Улфатхоним Маадшоева ва даҳҳо нафари дигар, фақат ба хотири ибрози андеша ва афкори озодашон равонаи зиндон шуданд.

Модари тоҷик, Шоҳида Муҳамадҷонова ба хотири фаъолиятҳои сиёсии писараш ба муддати 7 сол аз озоди маҳрум шуд. Ва ҳамчунин соли гузашта Аслиддин Шарипов, ба далели фаъолиятҳои сиёсии бародараш, блогер ва фаъоли сиёсӣ Шавкати Муҳаммад, ба 12 сол равонаи зиндон шуд.

Соли гузашта роҳбари Гурӯҳи 24 Сӯҳроб Зафар ва намоянадаи ин гурӯҳ дар Туркия, Насим Шарипов, дар ҳамин кишвар нопадид шуданд ва баъди чанд муддат, хабарашон аз дохили зиндонҳои Тоҷикистон ба гӯш расид. Додгоҳи онҳо паси дарҳои баста баргузор ва Сӯҳроб Зафар ба муддати 30 сол ва Насим Шарипов 20 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Асосан, лозим ба ёдоварӣ аст, ки тамоми додгоҳҳои мухолифони сиёсӣ паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури расонаҳо баргузор мешавад ва далелаш ҳам равшан аст, зеро агар ин додгоҳҳи аланӣ шавад, обрӯи режим дар назди мардум мерезад, чаро ки ҳеч далели малмусе барои зиндонӣ кардани онҳо вуҷуд надорад.

Гузашта аз ин, одамрабоӣ аз тарафи режими Раҳмон як кори оддӣ шудааст. Дар соли 2014 аз кишвари Русия фаъоли сиёсӣ, Эҳсон Одинаев ва каме баъд узви боризи ҲНИТ Домулло Наимҷон Самиев рабуда шуданд. Аз Эҳсон то ҳол хабаре нест, зинда аст ё мурда.

Соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳукми зиндонӣ шудани 13 тан аз аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки вакили ин 13 тан аз аъзоёни РО-и ҲНИТ буд ва ҳамчунин раиси ҳизби сабти ном нашудаи “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидро бегуноҳ дониста, аз режими Тоҷикистон талаб кард, ки онҳоро бе қайду шарт ва бо пардохти ҷуброни молӣ озод кунад, вале режими худкомаи Тоҷикистон ин дархостро нодида гирифт ва на танҳо зиндониёнро озод накард, балки чаҳор бор дар зиндонҳо кушторҳои дастаҷамъиро ба роҳ монд ва шумори зиёди зиндониёнеро, ки аксарашон сиёсӣ буданд, қатли омм кард.

Медонед ки садҳо нафар аз фаъолони сиёсии ВМКБ равонаи зиндон карда шуданд ва даҳҳо нафари дигаи онҳо ваҳшиёна қатли омм шуданд. Ҷамоъате ҳаст дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон ба номи Язғулом, ки аҳолиаш ҳудуди 7 ҳазор нафар аст, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳама сола дар ин ҷамоъат амалиёт анҷом дода, бархе аз мардуми ин маҳалро ба қатл расонда, нафарони зиёдро ба солҳои тӯлони равонаи зиндон мекунанд.

Ду нафар аз муовинони раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Маҳмурод Одинаев ва профессор Ҳакимҷон Шокиров бе ягон гуноҳ ба солҳои тӯлони зиндонӣ шуданд.

Ду муовини раиси ҲНИТ, Сайдумар Ҳусайни ва Муҳаммадали Ҳайит якумра равонаи зиндон шуданд.

Ба ҳар сурат, мо садҳо факту санад дорем, ки дар ин маҷаллаҳое, ки болои мизи шумо гузошта шуда ҷамъоварӣ шудааст, лутфан бихонед.

Ман ба намояндагӣ аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, аз ҳама кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон бори дигар эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар қазияи Тоҷикистон бетафовут набошанд ва ба ҳар тариқе, ки бошад, бар режими Тоҷикистон фишор биёваранд, ки даст аз шиканҷа, зиндон карданҳо ва қатлу куштори фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва занону модарони бегуноҳ бардоранд.

Дар охир, аз баргузоркунандагони ин нишаст изҳори миннатдорӣ мекунам.

Ба диқаттатон ташаккур!

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑