Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи фаъоли сиёсӣ, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ва фаъолтарин кунишгари сиёсии тоҷик ва узви фаъоли КШНГЗС, Муҳаммадиқболи Садруддинро табрик мегӯяд.
Муҳаммадиқболи Садруддин зодаи 1973 дар шаҳри Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи руҳонӣ ва донишманди тоҷик ва аз асосгузорони Наҳзати Исломии Тоҷикистон, марҳум Ҳоҷӣ Қаландар Садруддин мебошад.
Муҳаммадиқболи Садруддин муаллифи китобҳо ва мақолаҳои адабӣ, динӣ, таърихӣ ва сиёсӣ аст, ки муҳимтарини онҳо “Тафсири мухтасари Хатлонӣ” дар се ҷилд мебошад, ки дар соли 2008 ба нашр расидааст. Ӯ муассиси Бунёди ҷамъиятии “Васатият” ва ҳамчунин бунёнгузори сомонаи ин бунёд ба шумор меравад.
Муҳаммадиқболи Садруддин дар солҳои ахир ошкоро ва тунд дар бораи амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноии мақомдорон мақолаҳо дар Пойгоҳи “Isloh.net” ва барномаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube пахш мекунад. Моҳи октябри соли 2020 Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз соли 2016 дар Урупо паноҳандаи сиёсӣ мебошад, дар ғиёбаш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушод.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бори дигар ин кунишгари сиёсиро табрик ва барояш умри пурбаракат ва комёбиҳо дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва зиндагии хусусиаш орзу мекунад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
15 майи 2025




Оставьте комментарий