Зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев муборак!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Абдураҳим Восиевро барои шахси худашон ва хонаводаи мӯҳтарамашон табрик мегӯяд.

Абдураҳим ба хотири ноадолатиҳо дар ҷомеа ва фишор рӯйи дигарандешон, аз тарафи мақомот ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷамъе аз муборизони дигар, барои бартараф намудани он садо баланд карда, ин амалкарди ҳукуматро маҳкум менамуд.

Ҷасорати бемисли ӯ дар изҳори омодагӣ ба зиндонӣ шудан ба ҷойи Зайд Саид ва истодагарии ӯ дар баробари зулму ноадолатиҳо ӯро ба 23 сол маҳкум ва равонаи зиндон намуд.

Ӯ бо қимати озодии худ, дар муқобили зулм сар хам накард ва зиллатро напазируфт.

КШНГЗС тамоми талоши худро мекунад, ки рӯзе садои озодӣ ва адолат дар Тоҷикистон тантана карда ва орзуву омоли ҳамаи мардуми кишварамон бароварда хоҳад шуд ва зиндониёни азизи мо ба озодӣ хоҳанд баромад.

КШНГЗС бори дигар зодрӯзи ин зиндонии шӯҷоъро барояшон табрик ва муборак бод менамояд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

21.05.2025

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑