Бо фаро расидани Иди саъиди Қурбон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз самими қалб ҳамаи зиндониёни сиёсӣ, хонаводаҳои онҳо ва тамоми мардуми шарифи кишварро бо ин Иди саъид табрик менамояд.
Иди Қурбон рамзи имон, ихлос, фидокорӣ ва сабру таҳаммул аст. Имрӯз, фарзандони озодандеш ва фидоии миллати мо, ки беадолатона аз озодӣ маҳрум шудаанд, беш аз ҳар вақте ба ёдоварӣ аз арзишҳои ин Ид ниёз доранд. Мо бо эҳтиром ва садоқат ба ҳамаи онҳое, ки барои ҳақиқат, озодӣ ва адолат фидоӣ шудаанд, дуо ва сипоси самимии худро мерасонем.
Ҳамчунин, ба хонаводаҳои зиндониён модарон, ҳамсарон, фарзандон ва наздикон сабру таҳаммул, умеду орзуи ҳарчи зудтар ба озодӣ баромадани азизонашонро таманно дорем. Шумо дар ин роҳ танҳо нестед!
Бо орзуи он ки Иди Қурбон паёми раҳмат, адолат ва озодиро ба тамоми хонадони тоҷик биёрад ва ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ба оғӯши хонаводаҳояшон баргарданд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
06.06.2025




Оставьте комментарий