Номаи КШНЗС ба созмони Amnesty International дар хусуси фавти бедалели зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тариқи ин номаи саркушода, аз созмони ҷаҳонии Афви байналмилал (Amnesty International) оид ба ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки бо ташкили як кумитаи мустақилли байналмилалӣ дар бораи таҳқиқ дар вазъи зиндонҳои Тоҷикистон моро ёрӣ ва кӯмак кунад.

Муҳаққиқони мӯҳтарами созмони Amnesty International!

Зиндонҳои Тоҷикистон, бино бар гузориши огоҳон аз дохили Тоҷикистон, бисёр-бисёр вахим аст ва маҳбусон бахусус маҳбусони сиёсӣ, ки шуморашон бисёр зиёд аст, ба гуфтаи наздикони онҳо, бо озору шиканҷаҳои гуногуне, ки баъзе аз онҳо ба дараҷае ваҳшатнок аст, ки қалам аз баёни онҳо оҷиз аст, рӯбарӯ мешаванд

Ахиран, яъне дар санаи 9 июн, зиндонии сиёсӣ, Аслан Гулобови 35-сола, ки зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, вафот кард. Огоҳон мегӯянд, Аслан гирифтори захми меъда буд ва ба далели нарасидани ёрии тиббӣ даргузаштааст.

Аммо КШНГЗС бо таваҷҷӯҳ ба фавтҳои номаълум ва бедалели чанд тан аз маҳбусони сиёсӣ, ки дар чанд соли ахир сурат гирифтааст, бар ин бовар аст, ки онҳо бар асари озору шиканҷаҳои низомманд ва барқасди кормандони маҳбасҳо ва бо иттилоъ ва огоҳии комили мақомоти зиндон фавт кардаанд. Вагарна фавти маҳбусони сиёсие мисли Қулмаҳмад Паллаеви ҷавон, ки ӯ низ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад ва шабеҳ ба ҳамин иттиҳоме, ки шодравон Аслан Гулобов маҳкум шудааст маҳкум шуда буд ва низ фавти ду нафар аз аъзои Риёсати олии ҲНИТ, Ҷалолиддини Маҳмуд ва ё Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро чӣ гуна бифаҳмем?!

Аҷиб он аст, ки дар бораи бештари ин фавтидагон гуфта мешавад, ки “гирифтори захми меъда” буданд, дар ҳоле, ки ин иттиҳомот аз тарафи ҳеч ниҳоди мустақилле таъйид нашудааст. Яъне маъмулан дар хусуси фавтидагон таҳқиқоти тиббӣ гузаронида мешавад, вале дар хусуси ин фавтидаҳо аз ҷониби мақомоти зиндон фақат эълом шуд, ки ба хотири “захми меъда” аз дунё рафтаанд бидуни нишон додани ҳеч гуна санади расмӣ ва мӯътабар аз сӯйи ниҳодҳои тиббӣ.

Бинобар ин, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз созмони мӯҳтарами Amnesty International хоҳиш мекунад, бо ҷиддият пайгири ин қазия шавад ва моро кӯмак кунад.

Умедворем, мисли собиқ ин дархост беҷавоб намемонад.

Бо эҳтиром, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

11.06.2025

Варшава, Поланд

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑